Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Маскав чӣ гуна таҷлил шуд – видео

Обуна шудан
8 сентябри соли равон дар шаҳри пойтахти Русия чорабинии тантанавӣ оид ба муносибати таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зиёфат бошукуҳу шаҳомат буд: Дар чорабинӣ вазири дифоъ, аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, дигар мақомоти давлатии Русия, сафирон ва дипломатҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ ва ходимони илму фарҳанги давлати иқомат, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Русия ҳузур доштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар суханронии худ дар бораи сиёсати дохилию хориҷӣ, дастовардҳо соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар даврони соҳибихтиёрӣ кишвар, ба ҳозирин иттилоъ дод.
Вай аз аз рушди кишвар дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамкории шарикии стратегӣ бо Русия ёдовар шуд.
Таҷлили бо шукуҳи 35-умин ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар Маскав - акс
Вазири дифоъ ва муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмии Русия марудми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст таъкид карданд.
Чорабиниро барномаи фарҳангӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, пуршукуҳ гардонид.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон табрик гуфт
Дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони миллӣ, меваҳои тару хушк ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ ва чакандӯзӣ, ташкил карда шуд.
Дар бораи ин чорабинӣ видеои моро тамошо кунед то маълумоти бештар гиред.
Лентаи хабарҳо
0