Таҷлили бо шукуҳи 35-умин ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар Маскав - акс

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские девушки танцуют на сцене. Иллюстративное фото
Таджикские девушки танцуют на сцене. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Обуна шудан
Дар шаҳри Маскав бо ҳузури меҳмонони зиёд Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 9 сент - Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар шаҳри Маскав ба муносибати 35-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор намуд.
Дар чорабинӣ вазири дифоъ, муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Русия, роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, нақлиёт, иқтисод, энергетика ва тандурустӣ, вакилони Думаи давлатӣ, намояндагони дигар мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатӣ, доираҳои сиёсию соҳибкорӣ, ходимони илму фарҳанг, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанон ҳузур доштанд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханрониаш ба ҳолати робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия таъкид намуд.
© Foto / Сафорати Тоҷикистон дар РусияРӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Вай таъкид кард, ки идомаи ҳамкориҳои шарикии стратегии ду кишвар, ки ба принсипҳои баробарӣ, эҳтироми мутақобила ва ба манфиати халқҳои ду кишвар асос ёфтааст, кафолати суботу амният ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҳарду давлат мебошад.
Вазири дифо Андрей Белоусов, муовини раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Николай Журавлев ва муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, дар бораи ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрсамтаи Душанбеву маскав суханронӣ намуданд.
© Foto / Сафорати Тоҷикистон дар РусияРӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Андрей Белоусов дар зиёфати расмӣ бахшида ба ин ҷашн рушди ҷумҳурӣ дар тӯли солҳо ва саҳми Тоҷикистонро дар таъмини амнияти минтақавӣ қайд кард.
Вай афзуд, ки низомиёни Русия дар ташаккули нерӯҳои ҳавоӣ, системаҳои бесарнишин ва воҳидҳои нерӯҳои махсуси Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунанд ва таҷрибаи андӯхтаи худро дар амалиёти махсуси низомӣ бо ҳамтоёни худ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мубодила мекунанд.
© Foto / Сафорати Тоҷикистон дар РусияРӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Вазир таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таъкид намуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ намоишгоҳи молу маҳсулоти ватанӣ, меваҳои тару хушк ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакан, инчунин имкониятҳои сайёҳӣ ва ашъёи сангину чӯбини миллӣ ташкил ва намоиш дода шуд.
© Foto / Сафорати Тоҷикистон дар РусияРӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2026
Чорабиниро қисми фарҳанги фаро гирифта, дар он ҳунармандони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки кору фаъолият дар Русия доранд, ҳусни фараҳ бахшиданд.
Ҷашнвора дар фазои гарму дӯстона доир гардид, ки меҳмонон бо фарҳанги волои мардуми тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.
Лентаи хабарҳо
0