Слутский омодааст сармурабби дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон шавад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкЛеонид Слуцкий.
Леонид Слуцкий.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2026
Обуна шудан
Мутахассис рус гуфт пешниҳоди сармурабби шудан дар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 5 сент - Sputnik. Леонид Слутский, сармураббии собиқи мунтахатби футболи Русия, дар суол ба ин ки оё мехоҳад сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон таъйин шавад, посух дод, ки омодааст ин дархостро баррасӣ намояд.
Мураббии рус бовар дорад, ки дастаи миллии Тоҷикистон як дастаи комилан босифат аст.
"Ман бозии дастаи миллии Тоҷикистонро бо Чин дар Ҷоми охирини Осиё бодиққат тамошо кардам. Ман дастаи миллии Тоҷикистонро хеле баланд арзёбӣ мекунам. Агар ба ман имкони сармураббии дастаи миллии Тоҷикистонро пешниҳод мекарданд, ман бо хурсандӣ онро баррасӣ мекардам", - гуфт Слутский ба нашрияи Sport-Express.
Леонид Слутский қаблан мураббигии дастаҳои "Олимпия", "Уралан", "Москва", "Крылья Советов", ЦСКА, дастаи миллии Русия, "Ҳалл Сити", "Витесс" ва "Рубин"-ро ба ӯҳда дошт.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2026
Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик кард
Дастаи охирини ӯ "Шанхай Шенхуа" буд. Ӯ дар аввали моҳи август аз мақоми сармураббӣ истеъфо дод.
Дастаи миллии Тоҷикистон айни замон дар рейтинги ҷаҳонии ФИФА дар ҷои 101-ум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0