https://sputnik.tj/20260908/tojikiston-marz-afghoniston-korkhonai-poloishi-naft-1080254386.html
Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон корхонаи полоиши нафт месозад
Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон корхонаи полоиши нафт месозад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷануби Тоҷикистон як корхонаи хурди полоиши нафт бо иқтидори 50 ҳазор тонна дар як сол сохта мешавад
2026-09-08T10:41+0500
2026-09-08T10:41+0500
2026-09-08T10:41+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
коргоҳ
нафт
сӯзишворӣ
энергетика
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/05/1079489109_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_fc350aa792c8d1f619333222d4a32fbd.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони як корхонаи полоиши нафт дар марзи Афғонистон оғоз ёфт.Бо бунёди ин корхонаи нави полоиши нафт дар марзи Афғонистон ин роҳ Тоҷикистон талош дорад вобастагии худро аз бензину сӯзишвории дизелии воридотӣ коҳиш диҳад.Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи кишвар, корхонаи полоиши нафтро ширкати "Салоса" бунёд мекунад ва он дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон (мустақиман дар наздикии марзи Афғонистон) сохта мешавад.Иқтидори лоиҳавии корхна 50 000 тонна маҳсулоти тайёри нафт дар як сол муқаррар шудааст.Айни замон корхонаи "Салоса" битуми истифодашавандаро дар сохтмони роҳҳо истеҳсол мекунад.Аммо, пас аз ба кор андохтани корхонаи нав ва насби таҷҳизоти муоссир, ширкат қасд дорад, ки таваҷҷӯҳи худро ба истеҳсоли равған барои муҳаррик, пеш аз ҳама сӯзишвории дизелӣ ва бензин равона кунад ва инчунин нақша дорад, ки хатти умумии маҳсулоти худро васеъ кунад.Тоҷикистон ба воридоти сӯзишворӣ аз хориҷ ниёз дорадБарои Тоҷикистон, васеъ кардани иқтидори коркарди нафти худ аҳамияти стратегӣ дорад, зеро кишвар то ҳол аз маҳсулоти нафтии воридотӣ вобастагии зиёд дорад.Дар соли 2025, кишвар 1,21 миллион тонна маҳсулоти нафтиро аз хориҷа харидорӣ кардааст, ки арзиши умумии он 959,3 миллион долларро ташкил медиҳад.Аксари сӯзишвори ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад, саҳми Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон 84% ташкил медиҳад. Тоҷикистон ҳамчунин аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Беларус ва Қирғизистон ворид мекунад.
https://sputnik.tj/20260831/baor-boloravii-narkhi-suzishvori-tavarrum-tasiri-1080065230.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/05/1079489109_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_a243453071c39fe604eb4dc31534ef58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, коргоҳ, нафт, сӯзишворӣ, энергетика, марз
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, коргоҳ, нафт, сӯзишворӣ, энергетика, марз
Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон корхонаи полоиши нафт месозад
Дар ҷануби Тоҷикистон як корхонаи хурди полоиши нафт бо иқтидори 50 ҳазор тонна дар як сол сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Дар Тоҷикистон сохтмони як корхонаи полоиши нафт дар марзи Афғонистон оғоз ёфт.
Бо бунёди ин корхонаи нави полоиши нафт дар марзи Афғонистон ин роҳ Тоҷикистон талош дорад вобастагии худро аз бензину сӯзишвории дизелии воридотӣ коҳиш диҳад.
Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи кишвар, корхонаи полоиши нафтро ширкати "Салоса" бунёд мекунад ва он дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон (мустақиман дар наздикии марзи Афғонистон) сохта мешавад.
Иқтидори лоиҳавии корхна 50 000 тонна маҳсулоти тайёри нафт дар як сол муқаррар шудааст.
Айни замон корхонаи "Салоса" битуми истифодашавандаро дар сохтмони роҳҳо истеҳсол мекунад.
Аммо, пас аз ба кор андохтани корхонаи нав ва насби таҷҳизоти муоссир, ширкат қасд дорад, ки таваҷҷӯҳи худро ба истеҳсоли равған барои муҳаррик, пеш аз ҳама сӯзишвории дизелӣ ва бензин равона кунад ва инчунин нақша дорад, ки хатти умумии маҳсулоти худро васеъ кунад.
Тоҷикистон ба воридоти сӯзишворӣ аз хориҷ ниёз дорад
Барои Тоҷикистон, васеъ кардани иқтидори коркарди нафти худ аҳамияти стратегӣ дорад, зеро кишвар то ҳол аз маҳсулоти нафтии воридотӣ вобастагии зиёд дорад.
Дар соли 2025, кишвар 1,21 миллион тонна маҳсулоти нафтиро аз хориҷа харидорӣ кардааст, ки арзиши умумии он 959,3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Аксари сӯзишвори ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад, саҳми Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон 84% ташкил медиҳад. Тоҷикистон ҳамчунин аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Беларус ва Қирғизистон ворид мекунад.