БАОР: Болоравии нархи сӯзишворӣ ба афзоиши таваррум таъсири ҷиддӣ мерасонад

© Sputnik / Константин МихальчевскийЗаправка автомобилей на автозаправочной станции.
Заправка автомобилей на автозаправочной станции. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2026
Обуна шудан
Бонки АвруОсиё Рушд (БАОР) мегӯяд, ки бинобар болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷиистон таваррум метавонад зиёд шавад
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тибқи гузориши макроиқтисодии Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР), таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи июли соли 2026 дар муқоиса бо соли гузашта 4,1%-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи июн бетағйир мондааст.
Дар айни замон, БАОР хатарҳои доимии таваррумро, махсусан бо болоравии нархи сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, қайд мекунад.
"Мо интизорем, ки сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва устувории пули миллӣ ва таваррум то охири соли 2026 дар сатҳи пешбинишуда боқӣ хоҳад монд", - гуфта мешавад дар баррасӣ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси БМТ Фирдавс Толибзода гуфта буд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Председатель Национального банка Таджикистана Фирдавс Толибзода.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2026
БМТ: Таваррум дар Тоҷикистон боло рафту меъёри бозтамвил поин
Вай гуфт, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,6 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 1,7 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3,8 фоиз ба амал омад.
Бонки Миллӣ таъкид кард, чораҳое, ки ба нигоҳ доштани устувории нархҳо, татбиқи самараноки сиёсати пулӣ ва таъмини устувории низоми молиявии кишвар нигаронида шудаанд, дар нимаи дуюми сол андешида мешаванд.
Мушкилоти сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон, беш аз 91% маҳсулоти нафтии воридшуда ба кишвар дар нимаи аввали соли 2026 аз Русия ворид шудааст.
Аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 қариб 36 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар моҳи июл, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, изҳор дошт, ки захираҳои нафт ва гази кишвар барои ду моҳи оянда кофӣ аст ва кишвар бо Қазоқистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Вай қайд кард, ки бинобар вазъи геополитикӣ, дар таъмини маҳсулоти нафтӣ дар минтақа ва ҷаҳон мушкилот пеш омадааст.
Лентаи хабарҳо
0