https://sputnik.tj/20260624/safiri-navi-rusiya-tojikiston-1078531613.html
Маълум шуд сафири нави Русия дар Тоҷикистон кӣ мешавад
Маълум шуд сафири нави Русия дар Тоҷикистон кӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Александр Киншак, директори Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия, сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъйин шуд
2026-06-24T09:36+0500
2026-06-24T09:36+0500
2026-06-24T09:36+0500
дар тоҷикистон
думаи давлатӣ
сафир
русия
сафири русия
таъйин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/17/1078530994_0:128:2992:1811_1920x0_80_0_0_a1f612888e3425991b95a53c2be5aceb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Думаи давлатӣ таъини Александр Киншакро ба ҳайси сафири Русия дар Тоҷикистон тасдиқ кард.Дар ин бора Константин Затулин муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури ИДМ хабар додааст.Ба гуфтаи вай, ахиран дар Кумита масъалаи таъйни Александр Киншакро ба ҳайси сафири Русия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид“Ин қарор рӯзи сешанбе дар ҷаласаи пӯшида қабул карда шуд. Киншак дар ин вазифа Семён Григорьевро иваз хоҳад кард”, - гуфт ӯ.Вай таъкид кард, вазифаҳои Семён Григорев сафири феълии Русия дар Тоҷикистон ба охир расид, ҷои ӯро акнун Александр Киншак, дипломати ботаҷриба, ки айни замон роҳбарии Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ аст мегирад.Ёдовар мешавем, ки Семен Григорев 16 августи соли 2022 дар Тоҷикистон сафир таъйин шуда буд. У хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав аст. Забонҳои форсӣ ва англиси дар сатҳои медонад.Қаблан ӯ ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият кардааст.Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то ҳол мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.
https://sputnik.tj/20260613/grigorev-tojikiston-rahmon-izhor-sipos-1078261299.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/17/1078530994_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_b58bec6c21130477142bddcb24d57c72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, думаи давлатӣ, сафир, русия, сафири русия, таъйин
дар тоҷикистон, думаи давлатӣ, сафир, русия, сафири русия, таъйин
Маълум шуд сафири нави Русия дар Тоҷикистон кӣ мешавад
Александр Киншак, директори Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия, сафири нави Русия дар Тоҷикистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Думаи давлатӣ таъини Александр Киншакро ба ҳайси сафири Русия дар Тоҷикистон тасдиқ кард.
Дар ин бора Константин Затулин муовини аввали раиси Кумитаи Думаи давлатӣ дар умури ИДМ хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, ахиран дар Кумита масъалаи таъйни Александр Киншакро ба ҳайси сафири Русия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
“Ин қарор рӯзи сешанбе дар ҷаласаи пӯшида қабул карда шуд. Киншак дар ин вазифа Семён Григорьевро иваз хоҳад кард”, - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, вазифаҳои Семён Григорев сафири феълии Русия дар Тоҷикистон ба охир расид, ҷои ӯро акнун Александр Киншак, дипломати ботаҷриба, ки айни замон роҳбарии Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ аст мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Семен Григорев 16 августи соли 2022 дар Тоҷикистон сафир таъйин шуда буд. У хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Маскав аст. Забонҳои форсӣ ва англиси дар сатҳои медонад.
Қаблан ӯ ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият кардааст.
Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то ҳол мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.