https://sputnik.tj/20260907/tijorat-tojikiston-ozarboyjon-afzoish-yoft-1080228292.html
Тиҷорати Тоҷикистону Озарбойҷон дар 7 моҳи соли равон 31% афзоиш ёфт
Тиҷорати Тоҷикистону Озарбойҷон дар 7 моҳи соли равон 31% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири озарбойҷонӣ гуфт, ки Боку ва Душанбе муносибатҳои шарикии стратегиро бомуваффақият тақвият медиҳанд
2026-09-07T12:42+0500
2026-09-07T12:42+0500
2026-09-07T14:43+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
ҳамкорӣ
тиҷорат
табодули мол
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075624232_0:283:3065:2007_1920x0_80_0_0_c9b5e01d98f78607c5c8ce9a789429b4.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сент - Sputnik. Тоҷикистон ва Озарбойҷон шарикии стратегиро бомуваффақият тақвият медиҳанд.Дар ин бора вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рашод Набиев дар чорабиние, ки бахшида ба 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон дар Боку баргузор гашт, изҳор дошт, иттилоъ додааст хабаргузории Trend.Рашод Набиев қайд кард, ки робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динии ду миллат, инчунин муколамаи сиёсии бар пояи эҳтироми мутақобила ва дар сатҳи олӣ муқарраршуда асоси шарикии стратегии Озарбойҷон ва Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.Ба гуфтаи вазир, муносибатҳои сиёсӣ инчунин ба рушди ҳамкории иқтисодии сатҳи олӣ таъсири мусбат мерасонанд.Оқои Набиев таъкид кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика низ сол ба сол густариш меёбанд.Ба гуфтаи вай, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар баробари рушди технологияҳои рақамӣ густариш меёбад. Айни замон "Азеркосмос" ба бисёр ширкатҳо дар Тоҷикистон хидматҳои моҳвораӣ мерасонад.Набиев инчунин қайд кард, ки дар баробари ин дастовардҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва нақлиёт, робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни ду кишвар низ бомуваффақият рушд мекунанд."Соли гузашта шумораи сайёҳон аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон беш аз ду баробар афзуд. Имсол низ тамоюли монанд мушоҳида мешавад. Парвозҳои мустақим низ ба густариши робитаҳои сайёҳӣ мусоидат кардаанд. Айни замон, ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон парвозҳои мунтазамро байни Боку ва Душанбе чор маротиба дар як ҳафта анҷом медиҳад", - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20260829/tojikiston-ozarboyjon-taboduli-kolo-afzoish-1080009635.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075624232_334:0:3065:2048_1920x0_80_0_0_0a631e54b9fcb300263622f03a6a74e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, тиҷорат, табодули мол, иқтисод
дар тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, тиҷорат, табодули мол, иқтисод
Тиҷорати Тоҷикистону Озарбойҷон дар 7 моҳи соли равон 31% афзоиш ёфт
12:42 07.09.2026 (Навсозишуда: 14:43 07.09.2026) Вазири озарбойҷонӣ гуфт, ки Боку ва Душанбе муносибатҳои шарикии стратегиро бомуваффақият тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 7 сент - Sputnik. Тоҷикистон ва Озарбойҷон шарикии стратегиро бомуваффақият тақвият медиҳанд.
Дар ин бора вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рашод Набиев дар чорабиние, ки бахшида ба 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон дар Боку баргузор гашт, изҳор дошт, иттилоъ додааст хабаргузории Trend.
Рашод Набиев қайд кард, ки робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва динии ду миллат, инчунин муколамаи сиёсии бар пояи эҳтироми мутақобила ва дар сатҳи олӣ муқарраршуда асоси шарикии стратегии Озарбойҷон ва Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи вазир, муносибатҳои сиёсӣ инчунин ба рушди ҳамкории иқтисодии сатҳи олӣ таъсири мусбат мерасонанд.
"Соли гузашта тиҷорати байни кишварҳои мо 84% афзоиш ёфт ва ин тамоюли рушд имсол низ идома ёфт. Дар асл, дар ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ табодули коло нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 31% афзоиш ёфтааст", - гуфт ӯ.
Оқои Набиев таъкид кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика низ сол ба сол густариш меёбанд.
"Дар соли 2025 рафтуомади транзитӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 50% ва дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ 17% афзоиш ёфт", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар баробари рушди технологияҳои рақамӣ густариш меёбад. Айни замон "Азеркосмос" ба бисёр ширкатҳо дар Тоҷикистон хидматҳои моҳвораӣ мерасонад.
Набиев инчунин қайд кард, ки дар баробари ин дастовардҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва нақлиёт, робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни ду кишвар низ бомуваффақият рушд мекунанд.
"Соли гузашта шумораи сайёҳон аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон беш аз ду баробар афзуд. Имсол низ тамоюли монанд мушоҳида мешавад. Парвозҳои мустақим низ ба густариши робитаҳои сайёҳӣ мусоидат кардаанд. Айни замон, ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон парвозҳои мунтазамро байни Боку ва Душанбе чор маротиба дар як ҳафта анҷом медиҳад", - гуфт ӯ.