https://sputnik.tj/20260829/tojikiston-ozarboyjon-taboduli-kolo-afzoish-1080009635.html
Тоҷикистону Озарбойҷон табодули колоро ба маротиб афзоиш доданд
Тоҷикистону Озарбойҷон табодули колоро ба маротиб афзоиш доданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
2026-08-29T15:41+0500
2026-08-29T15:41+0500
2026-08-29T15:41+0500
дар тоҷикистон
табодули мол
озарбойҷон
иқтисод
тиҷорат
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1c/1080010420_0:238:3198:2036_1920x0_80_0_0_b1347a561198f5026c25be9eff7b561b.jpg
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ахирна дар шаҳри Гулистон дидору гуфтугӯи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини Вазири иқтисоди Озарбойҷон Соҳиб Алакбаров сурат гирифт.Дар ин бора вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони "Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои АвруОсиё" баргузор гардид.Дар ин мулоқот вазири тоҷик қайд кард, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соли 2025 ба 14,7 миллион доллар расида, нисбат ба соли 2024 ба андозаи 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст.Вай гуфт дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ин нишондиҳанда 10,2 миллион долларро ташкил дод.Ҳамчунин дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби сармояи Озарбойҷон ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкории саноатӣ, рақамикунонӣ ва рушди робитаҳои нақлиётию логистикиро баррасӣ намуданд.Ҷонибҳо барои татбиқи амалии созишҳои бадастомада, пешбурди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва тақвияти робитаҳои соҳибкорони ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.Ёдовар мешавем, ки 27 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони "Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои АвруОсиё" Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир гардид.
https://sputnik.tj/20260413/afzoishi-taboduli-kolo-kaliningradi-rusiya-tojikiston-1076809234.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1c/1080010420_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_cf56e219c7a8f447805eee967a597b9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, табодули мол, озарбойҷон, иқтисод, тиҷорат, ҳамкорӣ, равобит
дар тоҷикистон, табодули мол, озарбойҷон, иқтисод, тиҷорат, ҳамкорӣ, равобит
Тоҷикистону Озарбойҷон табодули колоро ба маротиб афзоиш доданд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ахирна дар шаҳри Гулистон дидору гуфтугӯи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини Вазири иқтисоди Озарбойҷон Соҳиб Алакбаров сурат гирифт.
Дар ин бора вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки вохӯрӣ дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони "Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои АвруОсиё" баргузор гардид.
Дар ин мулоқот вазири тоҷик қайд кард, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соли 2025 ба 14,7 миллион доллар расида, нисбат ба соли 2024 ба андозаи 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст.
Вай гуфт дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ин нишондиҳанда 10,2 миллион долларро ташкил дод.
Ҳамчунин дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби сармояи Озарбойҷон ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкории саноатӣ, рақамикунонӣ ва рушди робитаҳои нақлиётию логистикиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо барои татбиқи амалии созишҳои бадастомада, пешбурди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва тақвияти робитаҳои соҳибкорони ду давлат изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 27 август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти унвони "Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои АвруОсиё" Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир гардид.