Коршинос вижагиҳои барномаи “Амина”-ро барои муҳоҷирон шарҳ дод

© Sputnik / Владимир АстапковичМужчина держит в руках мобильный телефон.
Мужчина держит в руках мобильный телефон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар Маскав ва вилояти Маскав оғоз аз моҳи сентябр тағйирот дар қонунгузории муҳоҷират вобаста ба истифодаи барномаи мобилии “Амина”ба амал омаданд
ДУШАНБЕ, 7 сент - Sputnik. Шаҳрвандони хориҷиро метавонанд барои пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи ҷои истиқоматашон аз қайди муҳоҷират дар Русия хориҷ кунанд.
Дар Маскав ва вилояти Маскав аз рӯзи 1 сентябр тағйирот дар қонунгузории муҳоҷират ба амал омаданд, ки истифодаи ҳатмии барномаи “Амина”-ро васеъ мекунад.
Дмитрий Ярошенко, ҳуқуқшиноси самти муҳоҷират, барои Sputnik Тоҷикистон, дар бораи хусусиятҳои барнома шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, асосан сухан дар бораи вайрон кардани макони воқеии истиқомати шахс меравад.
"Агар мо дар бораи нусхаи коғазии огоҳиномаи вуруд сухан гӯем, соҳибмулкмаълумотро дар бораи шаҳрванд пешниҳод кардааст, аммо ӯ дар асл он ҷо зиндагӣ намекунанд. Ва агар мо дар бораи барномаи “Амина”сухан гӯем, шаҳрванди хориҷӣ сабти ном кардааст, суроғаро нишон додааст, аммо геолокатсия макони ӯро тасдиқ накардааст", - шарҳ дод Ярошенко.
Дар чунин ҳолатҳо, ҷавобгарии маъмурӣ, аз ҷумла ҷарима, дохил кардан ба феҳристи шахсони таҳти назорат ва эҳтимоли ихроҷ аз кишвар татбиқ карда мешавад.
Коршинос хотиррасон кард, ки аз муҳоҷирон дар Маскав ва минтақаи атрофи он бояд ҳамеша геолокатсия фаъол бошанд.
Работа многофункционального миграционного центра.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Коршинос қоидаҳои нави муҳоҷират дар минтақаи Маскавро шарҳ дод
Агар геолокасия дар телефони мобилӣ се ё зиёда рӯз дастнорас бошад ва барномаи “Амина” макони воқеии шаҳрвандро сабт накунад, бояд маълумоти дигар вуҷуд дошта бошад, ки шахс Федератсияи Русияро тарк кардааст ё ба минтақаи дигар кӯчидааст, шарҳ дод ҳуқуқшинос.
Дар акси ҳол, Вазорати корҳои дохилӣ ин вазъиятро ҳамчун қасдан вайронкунӣ ва пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар бораи макони будубош мешуморад.
"Ин боиси дохил шудан ба феҳристи шахсони таҳти назорат ва ҷазои маъмурӣ мегардад. Ва шаҳрванди хориҷӣ бояд сабабҳои инро мустақилона исбот кунад", - афзуд Ярошенко.
Агар бо “Амина”мушкилот пайдо шавад, муҳоҷирбояд ба маркази Сахарово занг занад.
Шахсони хориҷӣ бояд ҳамеша телефони дорои геолокатсияи фаъол дошта бошанд, то барнома макони воқеии онҳоро дар Маскав ва минтақаи атрофи он сабт кунад. Ҳангоми иваз кардани телефон, шумо бояд барномаро дар дастгоҳи нав насб кунед ва агар шумо рақам ва SIM-корти худро иваз кунед, бояд маълумоти навро ворид кунед, шарҳ дод ҳуқуқшинос.
Агар шумо бо худи барнома бо ягон мушкилот рӯ ба рӯ шавед ё ягон нишондод"сурх" бошад, шумо бояд бо телефони боварии Маркази муҳоҷирати Маскав тамос гиред ё шахсан барои ҳалли масъала ба он ҷо муроҷиат кунед.
Ин қадамҳои ҳатмӣ барои пешгирӣ аз тафсирҳои нодуруст ва шубҳаҳо нисбати шаҳрванди хориҷӣ заруранд.
Ярошенко таъкид кард, ки дар акси ҳол, муҳоҷирро барои вайрон кардани маълумот дар бораи ҷои зист ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда метавонанд.
Рӯйхати маълумоти шахсие, ки барои бақайдгирӣ дар барномаҳои “Амина” ва RuID зарур аст, васеъ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0