Мақомот бо корфармоёни Русия даҳҳо дидорҳо кардаанд то муҳоҷиронро ба кор таъмин кунанд

© Sputnik / Кирилл КаллиниковРабочие вяжут арматуру на строительной площадке в Москве.
Рабочие вяжут арматуру на строительной площадке в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2026
Обуна шудан
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кор талош дорад
ДУШАНБЕ, 6 сент - Sputnik. Дар ин замина намояндагӣ бо субъектҳои хоҷагидор, корфармоёни хурду бузург, намояндагони ташкилоти бокортаъминкунӣ ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ҳамкории мунтазам ба роҳ мондааст.
Намояндагӣ хабар дод, ки дар иртибот ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия давоми соли 2026 аз ҷониби масъулини намояндагӣ бо корфармоён беш аз 40 вохӯрии судманд баргузор намудааст.
Зимни вохӯриҳо масъалаҳои омода намудани кадрҳо дар Тоҷикистон вобаста ба тахассусҳои бозорталаби меҳнат, мусоидат барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои нохуш дар истеҳсолот мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар ин раванд корфармоёни Русия аз фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, барои таҳкими ҳамкорӣ пешниҳод манзур менамоянд.
Работа многофункционального миграционного центра.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2026
Коршинос қоидаҳои нави муҳоҷират дар минтақаи Маскавро шарҳ дод
Намояндагӣ қайд кардааст, ки муносибатҳои дуҷониба байни Русия Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Намояндагӣ қайд кардааст, ки барои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо пайваста тақвият меёбад.
Лентаи хабарҳо
0