Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2026
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи ҳукумат махсусан ба ин соҳа таъкид карда афзудааст, ки Варзишгоҳи миллӣ барои 30 ҳазор нафар тамошобин ҳамчун туҳфаи ҷашнии Ҳукумат дар ҷашни 35-солагии истиқлолият хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 24 мая - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфт.

Ин сана қаблан аз ҷониби Конвенсияи махсуси СММ бо ташаббуси роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ эълон шуда буд ва ҳамасола 25 май ҷашн гирифта мешавад.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, бо дарназардошти маҳбубият ва оммавияти худ, футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳимми таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст.
"Боиси ифтихори мост, ки Рӯзи футбол маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин иқдоми муҳим на танҳо нуфузи кишвари моро дар арсаи варзиши байналмилалӣ тақвияти бештар бахшид, балки саҳми Тоҷикистонро дар рушди арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили сулҳ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории созанда боз ҳам намоён сохт",- таъкид кард ӯ.
Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки футбол ҳоло ба як неруи муттаҳидкунандае табдил ёфтааст, ки наслҳо, фарҳангҳо ва миллатҳоро ба ҳам мепайвандад ва он воситаи муассири тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди неруи ҷисмонию маънавии ҷомеа мебошад. Бесабаб нест, ки футболро ба сифати варзиши рақами як дар ҷаҳон эътироф мекунанд.
Церемония награждения команды Регар-ТадАЗ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2026
Таърихсозии бошгоҳи Турсунзода: "Регар-ТадАЗ" барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд
Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи ҳукумат махсусан ба ин соҳа таъкид карда афзудааст, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Варзишгоҳи миллӣ барои 30 ҳазор нафар тамошобин ҳамчун туҳфаи ҷашнии Ҳукумат ба варзишгарон ва дӯстдорони футбол ба истифода дода мешавад.
Ӯ аз дастовардҳои тими милли ва футболбозон гуфта, изҳори итминон кард, ки мураббиён, мутахассисон ва футболбозони кишвар бо ҳисси баланди масъулият, иродаи қавӣ ва маҳорати касбӣ минбаъд низ бо пирӯзиву дастовардҳои худ парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд.
Лентаи хабарҳо
0