Эмомалӣ Раҳмон Хатлонро такягоҳи муҳимми соҳаи энергетикаи Тоҷикистон хонд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2026
Обуна шудан
Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон дар ин ҷо якчанд иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 сохта ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 5 сент - Sputnik. Вилояти Хатлон имрӯз яке аз марказҳои асосии иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар ин борапрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Хатлон зимни мулоқот бо намояндагони минтақа изҳор дошт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Аз иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон, ки қариби 6,5 ҳазор мегаваттро ташкил медиҳад, беш аз 75%-и он дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад, иттилоъ дод раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони вилоят.
"Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят як қатор иншооти муҳимми энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои обии "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2", хатҳои интиқоли барқи "Лолазор-Хатлон", "Тоҷикистон-Афғонистон" ва даҳҳо иншооти дигари энергетикӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, вилояти Хатлон дар таърихи давлатдории Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад.
"Ин сарзамини қадим аз замонҳои қадим яке аз марказҳои муҳимтарини фарҳангу тамаддуни тоҷик буда, имрӯз дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии мамлакати мо низ нақши хеле муҳим дорад", - гуфт президент.
Ин минтақа дар рушди соҳибкорӣ, саноатикунонӣ, энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим мебозад.
Дар тӯли солҳои истиқлолияти кишвар шумораи корхонаҳои саноатии вилоят аз 75 то зиёда аз 900 адад афзудааст.
Дар айни замон дар ин корхонаҳо бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ якчанд сад намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунин зиёда аз 100 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16 млрд сомонӣ амалӣ гардидааст.
Солнечная электростанция - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2026
Дар Хатлон дар хонаҳои истиқомативу корхонаҳои саноатӣ панелҳои офтобӣ насб мекунанд
Илова бар ин, Хатлон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши ҳалкунанда дорад. Имрӯз ба вилоят зиеда аз 53% ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишвар рост меояд, дар ҳоле ки вилоят дар истеҳсоли пахта, ғалладона, сабзавот, зироатҳои бахшӣ, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Қобили зикр аст, ки ба ифтихори 35-солагии истиқлолият дар вилоят 8,3 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд - соли ҷорӣ 85 ҳазор ҷойи корӣ таъсис гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0