https://sputnik.tj/20260813/khatlon-khonaho-korkhonaho-sanoati-panelhoi-oftobi-nasb-1079643562.html
Дар Хатлон дар хонаҳои истиқомативу корхонаҳои саноатӣ панелҳои офтобӣ насб мекунанд
Дар Хатлон дар хонаҳои истиқомативу корхонаҳои саноатӣ панелҳои офтобӣ насб мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар вилояти Хатлон ба туфайли иқлими гарм, шумораи зиёди рӯзҳои офтобӣ ва дастгирии давлатӣ босуръат рушд мекунад
2026-08-13T14:41+0500
2026-08-13T14:41+0500
2026-08-13T14:41+0500
дар тоҷикистон
хатлон
нерӯгоҳи офтобӣ
коргоҳ
саноат
энергетика
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0b/1078225363_0:0:1008:567_1920x0_80_0_0_0b7193bdbc13dc82c1e8cfe98b025e0c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Дар вилояти Хатлон истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот вусъат пайдо мекунад.Дар ин бора вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, яке аз намунаҳои қобили таваҷҷуҳ дар ин самт таҷрибаи корхонаи "Комбинати хӯрокворӣ"-и шаҳри Бохтар мебошад.қайд карда шудааст, ки дДар ҳудуди корхона 500 адад панелҳои офтобӣ бо иқтидори 250 кВт ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо иқтидори 800 кВт насб шуда, имкон медиҳанд, ки комбинат талаботи худро ба неруи барқ таъмин намояд.Ин ба корхона имкон медиҳад, ки ниёзҳои худро ба барқ пурра таъмин кунад.қайд карда шудааст, ки соҳибкор аз натиҷаи истифодаи энергияи офтобӣ қаноатманд буда, онро яке аз роҳҳои самараноки таъмини устувори фаъолияти истеҳсолӣ арзёбӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ки дар Хатлон сохтмони неругоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори 250 МВт (қисме аз лоиҳаи умумии 500 МВт дар якҷоягӣ бо ноҳияи Ашт) ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо то охири соли 2026 ба истифода медиҳанд. Ин лоиҳа барои коҳиш додани норасоии мавсимии барқ кӯмак хоҳад кард.Тоҷикистон бо беш аз 300 рӯзи офтобӣ дар як сол имконияти бузург дорад. Аз 1 апрели соли 2024 насби низоми барқи офтобӣ дар ҳама биноҳои нави истиқоматӣ, мактабҳо ва иншооти дигар дар кишвар ҳатмӣ гардид. Ҳукумат ва сокинон бо ин роҳ мехоҳанд қувваи барқро сарфа кунанд ва ба муҳити зист зарар нарасонанд.Ба андешаи коршиносон, иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10–20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60–80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ қонеъ гардонида метавонад.
https://sputnik.tj/20260810/avvalin-nerugohi-oftobi-dar-viloyati-sughd-mohi-sentyabr-ba-kor-medaroyad-1079577336.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0b/1078225363_126:0:882:567_1920x0_80_0_0_9319abce7a674e8611b58f0746e8d514.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, нерӯгоҳи офтобӣ, коргоҳ, саноат, энергетика, барқ
дар тоҷикистон, хатлон, нерӯгоҳи офтобӣ, коргоҳ, саноат, энергетика, барқ
Дар Хатлон дар хонаҳои истиқомативу корхонаҳои саноатӣ панелҳои офтобӣ насб мекунанд
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар вилояти Хатлон ба туфайли иқлими гарм, шумораи зиёди рӯзҳои офтобӣ ва дастгирии давлатӣ босуръат рушд мекунад
ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Дар вилояти Хатлон истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоот вусъат пайдо мекунад.
Дар ин бора вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, яке аз намунаҳои қобили таваҷҷуҳ дар ин самт таҷрибаи корхонаи "Комбинати хӯрокворӣ"-и шаҳри Бохтар мебошад.
қайд карда шудааст, ки дДар ҳудуди корхона 500 адад панелҳои офтобӣ бо иқтидори 250 кВт ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо иқтидори 800 кВт насб шуда, имкон медиҳанд, ки комбинат талаботи худро ба неруи барқ таъмин намояд.
Ин ба корхона имкон медиҳад, ки ниёзҳои худро ба барқ пурра таъмин кунад.
қайд карда шудааст, ки соҳибкор аз натиҷаи истифодаи энергияи офтобӣ қаноатманд буда, онро яке аз роҳҳои самараноки таъмини устувори фаъолияти истеҳсолӣ арзёбӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Хатлон сохтмони неругоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори 250 МВт (қисме аз лоиҳаи умумии 500 МВт дар якҷоягӣ бо ноҳияи Ашт) ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо то охири соли 2026 ба истифода медиҳанд. Ин лоиҳа барои коҳиш додани норасоии мавсимии барқ кӯмак хоҳад кард.
Тоҷикистон бо беш аз 300 рӯзи офтобӣ дар як сол имконияти бузург дорад. Аз 1 апрели соли 2024 насби низоми барқи офтобӣ дар ҳама биноҳои нави истиқоматӣ, мактабҳо ва иншооти дигар дар кишвар ҳатмӣ гардид. Ҳукумат ва сокинон бо ин роҳ мехоҳанд қувваи барқро сарфа кунанд ва ба муҳити зист зарар нарасонанд.
Ба андешаи коршиносон, иқтидори тавлиди энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 25,16 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил дода, 10–20 фоизи талаботи хоҷагии миллӣ ба ҳомили энергия ва 60–80 фоизи талаботи умумии аҳолиро ҳадди ақал давоми 10 моҳ дар як сол, дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ қонеъ гардонида метавонад.