Тоҷикистон лоиҳаи нави миллии иқлимро пешниҳод кард

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиПрирода Таджикистана.
Природа Таджикистана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2026
Обуна шудан
Афзоиши хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва ярчҳо мушкилоти иқлимӣ мебошанд, ки асоси Саҳми миллии навшудаи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 4 сент - Sputnik. Тоҷикистон бо муаррифии лоиҳаи нави Саҳми муайяншудаи миллӣ (NDC 3.0) дар тақвияти сиёсати миллии иқлимии худ як қадами дигар гузошт.
Дар ин бора дафтари Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хабар дод.
Муаррифӣ ва муҳокимаи лоиҳа дар Душанбе дар як ҷаласаи мизи мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони байналмилалии рушд, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва академӣ, иттиҳодияҳои ҷавонон ва бахши хусусӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа, иштирокчиён муқаррароти асосии лоиҳаро муфассал баррасӣ карданд ва самтҳои афзалиятноки татбиқи минбаъдаи онро муҳокима карданд.
Ба гуфтаи таҳиягарони он, ин ҳуҷҷат ҳадаф дорад, ки ӯҳдадориҳои иқлимии Тоҷикистонро ба чораҳои амалии соҳавӣ - бахусус дар соҳаҳои энергетика, идоракунии об, кишоварзӣ, нақлиёт ва инфрасохтор - табдил диҳад.
Дар лоиҳа ба баланд бардоштани устувории кишвар дар муқобили хатарҳои иқлимӣ, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, ярчҳо ва хушксолӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.
Заседание совета глав государств в формате ШОС+ в Бишкеке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
Раҳмон: таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар мешавад ва мо бояд муттаҳид шавем
Ғайр аз ин, раванди NDC 3.0 ба ҷанбаҳои фарогирии сиёсати иқлимӣ ва ҷалби гендерӣ, инчунин тақвияти робитаи байни ҳадафҳои иқлимӣ, афзалиятҳои соҳавӣ, ҷараёнҳои сармоягузорӣ, манбаъҳои маблағгузорӣ ва натиҷаҳои мушаххаси ченшаванда нигаронида шудааст.
Тавре ки намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ таъкид кард, нақшаи иқлимиро танҳо дар сурате воқеан самаранок ҳисобидан мумкин аст, ки тағйироти назаррасе, ки он ба вуҷуд меорад, дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон инъикос ёбад.
Ӯ таъкид кард, ки имрӯз таъмини гузариш аз эъломияҳо ба амали воқеӣ дар маҳал махсусан муҳим аст. Таҳияи NDC 3.0 аз ҷониби БРСММ ва Агентии гидрометеорологияи назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҳамчун як қисми ташаббуси ҷаҳонии дастгирӣ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0