https://sputnik.tj/20260901/rahmon-tasiri-taghyiryobi-iqlim-muttahid-1080096445.html
Раҳмон: таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар мешавад ва мо бояд муттаҳид шавем
Раҳмон: таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар мешавад ва мо бояд муттаҳид шавем
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ пешниҳод кард, ки барои тағйирёбии иқлим бояд стратегияи вокуниши муштарак таҳия шавад
2026-09-01T18:41+0500
2026-09-01T18:41+0500
2026-09-01T18:46+0500
эмомалӣ раҳмон
sputnik тоҷикистон
сҳш
гармшавии иқлим
муҳити зист
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/01/1080097630_450:490:1568:1119_1920x0_80_0_0_54b67218b918d8212acc29c951350b54.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи "СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба" иштирок ва суханронӣ намуд.Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки имрӯз ҷаҳон бо мухолифатҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм, инчунин мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ рӯбарӯ шудааст.Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар ба назар мерасад ва моро водор мекунад, ки нерӯҳои худро муттаҳид кунем ва стратегияи вокуниши муштарак таҳия намоем.Раҳбари Тоҷикистон пешниҳоди нави Тоҷикистон дар бораи "Барномаи чаҳорчӯбаи Душанбе оид ба об" барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 ёдовар шуд, ки дар баробари чаҳорчӯбҳои муҳиме чун "Раванди оби Душанбе" ва "Раванди Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо" ҷавобгӯи ормонҳои аҳли башар дар ин масир хоҳад буд.Зикр гардид, ки "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм" ҳам, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии СММ пешбарӣ шудааст, ҳамчун як чаҳорчӯби байналмилалии матлуб рушд мекунад.Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар қатъномаи ба наздикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон қабулшудаи СММ доир ба "Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда" саҳми назаррас дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар ҷаҳон хоҳад буд.Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки соли 2027 Тоҷикистон нақша дорад дар доираи ин даҳсола якҷоя бо СММ аввалин Конфронси байналмилалӣ баргузор намояд ва аз шарикони байналмилалӣ даъват карданд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок варзанд.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуд, ки СММ ва СҲШ бар асоси арзишҳо ва принсипҳои муштараки ҳамкории созанда метавонанд дар ташаккули тартиботи ҷаҳонии одилона, фарогир ва устувор нақши боз ҳам муҳимтар дошта бошанд.“Тоҷикистон омода аст дар пешрафти ин раванди созанда якҷоя бо ҳамаи давлатҳо дар доираи "СҲШ+", СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ саҳмгузор бошад”, - гуфт Раҳмон.
https://sputnik.tj/20260901/rahmon-khostori-taqviyat-hamkori-shsh-amniyat-iqtisod-1080088256.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/01/1080097630_102:0:1925:1367_1920x0_80_0_0_7b44a026d8632db1997bb3d45f93f537.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, sputnik тоҷикистон, сҳш, гармшавии иқлим, муҳити зист, сиёсат
эмомалӣ раҳмон, sputnik тоҷикистон, сҳш, гармшавии иқлим, муҳити зист, сиёсат
Раҳмон: таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар мешавад ва мо бояд муттаҳид шавем
18:41 01.09.2026 (Навсозишуда: 18:46 01.09.2026) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ пешниҳод кард, ки барои тағйирёбии иқлим бояд стратегияи вокуниши муштарак таҳия шавад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ дар мавзӯи "СММ ҳамчун унсури калидии низоми одилонаи ҷаҳонӣ: саҳми давлатҳои СҲШ+ дар ташаккули ҷаҳони бисёрқутба" иштирок ва суханронӣ намуд.
Раҳбари Тоҷикистон таъкид кард, ки имрӯз ҷаҳон бо мухолифатҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои афзояндаи терроризм, экстремизм ва радикализм, инчунин мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ рӯбарӯ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки таъсири тағйирёбии иқлим рӯз аз рӯз бештар ба назар мерасад ва моро водор мекунад, ки нерӯҳои худро муттаҳид кунем ва стратегияи вокуниши муштарак таҳия намоем.
Раҳбари Тоҷикистон пешниҳоди нави Тоҷикистон дар бораи "Барномаи чаҳорчӯбаи Душанбе оид ба об" барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 ёдовар шуд, ки дар баробари чаҳорчӯбҳои муҳиме чун "Раванди оби Душанбе" ва "Раванди Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо" ҷавобгӯи ормонҳои аҳли башар дар ин масир хоҳад буд.
Зикр гардид, ки "Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм" ҳам, ки аз ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии СММ пешбарӣ шудааст, ҳамчун як чаҳорчӯби байналмилалии матлуб рушд мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар қатъномаи ба наздикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон қабулшудаи СММ доир ба "Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда" саҳми назаррас дар таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар ҷаҳон хоҳад буд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки соли 2027 Тоҷикистон нақша дорад дар доираи ин даҳсола якҷоя бо СММ аввалин Конфронси байналмилалӣ баргузор намояд ва аз шарикони байналмилалӣ даъват карданд, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок варзанд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуд, ки СММ ва СҲШ бар асоси арзишҳо ва принсипҳои муштараки ҳамкории созанда метавонанд дар ташаккули тартиботи ҷаҳонии одилона, фарогир ва устувор нақши боз ҳам муҳимтар дошта бошанд.
“Тоҷикистон омода аст дар пешрафти ин раванди созанда якҷоя бо ҳамаи давлатҳо дар доираи "СҲШ+", СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ саҳмгузор бошад”, - гуфт Раҳмон.