Ширкати ҳавопаймоии S7 парвозҳоро аз Новосибирск ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкСамолет Airbus A320neo авиакомпании S7 Airlines
Самолет Airbus A320neo авиакомпании S7 Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2026
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии S7 парвозҳои мустақимро ба ду шаҳри Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 сент - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии S7 (Сибир) шумораи парвозҳоро аз Новосибирск ба Душанбе ва Хуҷанд дар моҳи сентябр афзоиш хоҳад дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин ширкати ҳавопаймоии Русия хабар додааст.
"Ширкати ҳавопаймоии S7 парвозҳоро аз шаҳри Новосибирск дар ду хатсайр - ба Душанбе ва Хуҷанд якбора зиёд мекунад. Новосибирск - Душанбе: аз 2 сентябр - то 4 парвоз дар як ҳафта ва Новосибирск - Хуҷанд: аз 6 сентябр - то 5 парвоз дар як ҳафта сурат мегирад", - гуфт ширкати ҳавопаймоӣ.
Ширкати ҳавопаймоӣ қайд кард, ки рӯзҳои чоршанбе дар масири Новосибирск-Душанбе ва рӯзҳои якшанбе дар масири Новосибирск-Хуҷанд парвози иловагӣ ташкил карда мешавад.
Ширкати ҳавопаймоии S7 (бренди Siberia Airlines) бузургтарин ширкати ҳавопаймоии хусусӣ дар Русия аст, ки дорои парки ҳавопаймоҳои муосир мебошад.
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2026
Дархости ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳо ба Эрон
Ёдовар мешавем, ки парвозҳои мустақимро аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Тоҷикистон чанд ширкати ҳавопаймоии русӣ анҷом медиҳад.
Аз Русия ба Тоҷикирстон парвозҳои мустақимро ширкатҳои Уральские авиалинии (Ural Airlines), ЮТэйр (Utair), Nordwind Airlines ва S7 Airlines анҷом медиҳанд. Ба Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳавопаймоҳои як ширкати ватанӣ Сомон Эйр парвоз мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0