https://sputnik.tj/20260904/narkhi-benzin-suzishvorii-dizeli-tojikiston-afzoish-1080165084.html
Нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон аз аввали тобистон то 50% афзоиш ёфт
Нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон аз аввали тобистон то 50% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳои Тоҷикистон дар бора болоравии нархи сӯзишворӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ хабар медиҳанд
2026-09-04T13:41+0500
2026-09-04T13:41+0500
2026-09-04T13:41+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
нарх
бензин
болоравии нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_0:162:3066:1887_1920x0_80_0_0_90bfaa44885a1c3a4ea47216d8356020.jpg
ДУШАНБЕ, 4 сент - Sputnik. Тибқи иттилои расонащои маҳаллӣ нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон аз моҳи июн то август аз 23 то 50% афзоиш ёфтааст.Қайд карда мешавад, ки болоравии нарх дар шароити вазъи ноустувори байналмилалӣ ва вобастагии кишвар аз воридоти маводи сӯхт сурат гирифтааст."Аз аввали моҳи июн нархи сӯзишвории AИ-92 аз тақрибан 10,9 сомонӣ (1,18 доллар) то 13,5 сомонӣ (1,46 доллар) барои як литр афзоиш ёфтааст, ки ин қариб 24% афзоишро нишон медиҳад. Сӯзишвории дизелӣ аз 11 сомонӣ (1,19 доллар) то 16,5 сомонӣ (1,79 доллар) ё дақиқтар 50% афзоиш ёфтааст. Ғайр аз ин, дар моҳи июл нархи он дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба 17-18 сомонӣ (1,95 доллар) расид", - хабар додаанд расонаҳо.Дар шароити бӯҳрони бозори энергетикӣ, дар моҳи августи соли ҷорӣ, Тоҷикистон бо Эрон дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ ба тавофуқ расид.Ин созишнома таъминоти беш аз 2,5 миллион тонна сӯзишвориро дар бар мегирад.Мушкилоти сӯзишворӣ дар ТоҷикистонТибқи маълумоти Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон, беш аз 91% маҳсулоти нафтии воридшуда ба кишвар дар нимаи аввали соли 2026 аз Русия ворид шудааст.Аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 қариб 36 ҳазор тонна зиёд мебошад.Дар моҳи июл, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, изҳор дошт, ки захираҳои нафт ва гази кишвар барои ду моҳи оянда кофӣ аст ва кишвар бо Қазоқистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст.Вай қайд кард, ки бинобар вазъи геополитикӣ, дар таъмини маҳсулоти нафтӣ дар минтақа ва ҷаҳон мушкилот пеш омадааст.
https://sputnik.tj/20260831/baor-boloravii-narkhi-suzishvori-tavarrum-tasiri-1080065230.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057285040_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_9a12a447ff3ce890d393d01023095eec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, нарх, бензин, болоравии нарх
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, нарх, бензин, болоравии нарх
Нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон аз аввали тобистон то 50% афзоиш ёфт
Расонаҳои Тоҷикистон дар бора болоравии нархи сӯзишворӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 4 сент - Sputnik. Тибқи иттилои расонащои маҳаллӣ нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон аз моҳи июн то август аз 23 то 50% афзоиш ёфтааст.
Қайд карда мешавад, ки болоравии нарх дар шароити вазъи ноустувори байналмилалӣ ва вобастагии кишвар аз воридоти маводи сӯхт сурат гирифтааст.
"Аз аввали моҳи июн нархи сӯзишвории AИ-92 аз тақрибан 10,9 сомонӣ (1,18 доллар) то 13,5 сомонӣ (1,46 доллар) барои як литр афзоиш ёфтааст, ки ин қариб 24% афзоишро нишон медиҳад. Сӯзишвории дизелӣ аз 11 сомонӣ (1,19 доллар) то 16,5 сомонӣ (1,79 доллар) ё дақиқтар 50% афзоиш ёфтааст. Ғайр аз ин, дар моҳи июл нархи он дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба 17-18 сомонӣ (1,95 доллар) расид", - хабар додаанд расонаҳо.
Дар шароити бӯҳрони бозори энергетикӣ, дар моҳи августи соли ҷорӣ, Тоҷикистон бо Эрон дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ ба тавофуқ расид.
Ин созишнома таъминоти беш аз 2,5 миллион тонна сӯзишвориро дар бар мегирад.
Мушкилоти сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон, беш аз 91% маҳсулоти нафтии воридшуда ба кишвар дар нимаи аввали соли 2026 аз Русия ворид шудааст.
Аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 қариб 36 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар моҳи июл, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, изҳор дошт, ки захираҳои нафт ва гази кишвар барои ду моҳи оянда кофӣ аст ва кишвар бо Қазоқистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Вай қайд кард, ки бинобар вазъи геополитикӣ, дар таъмини маҳсулоти нафтӣ дар минтақа ва ҷаҳон мушкилот пеш омадааст.