Созишномаҳои нави ИИАО садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил мекунад

© Foto / Пресс-служба Министерства здравоохранения РКФлаги стран-участниц ЕАЭС
Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2026
Обуна шудан
Созишномаҳои нави тиҷоратии ИИАО садҳо ҳазор ҷойҳои нави кории иловагӣ эҷод мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар ҳоле ки саҳми Ғарб дар тиҷорати хориҷии кишварҳои ИИАО дар соли 2019 60% буд, ҳоло он аз 20% камтар аст, иттилоъ додааст сомонаи хабарии “news.by”.
Ба иттилои ин манбаъ, дар айни замон, саҳми кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонӣ аз 40% то 80% афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, имкон пайдо шуд, ки бозорҳои мавҷуда зуд васеъ карда, бозорҳои нав боз ва робитаҳои нав барқарор карда шаванд.
Масалан, созишномаи тиҷорати озод дар дохили иттиҳод бо Ветнам содироти маҳсулоти гӯштӣ, нуриҳои минералӣ, маводи кимиёвӣ ва маҳсулоти металлургиро ба таври назаррас афзоиш додааст.
Бо Муғулистон, АМА ва Индонезия низ дурнамои хуб вуҷуд дорад. Афзоиши иловагии ҳаҷми тиҷорат тақрибан 12 миллиард доллар ва таъсиси 160 ҳазор ҷойҳои нави кории иловагӣ дар назар аст.
Флаг Социалистической Республики Вьетнам.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2026
ИИАО ва Ветнам ҳамкориро дар бахши зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0