https://sputnik.tj/20260308/aholii-tojikiston-zanon-tashkil-medihand-1075864537.html
Беш аз 49% аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Беш аз 49% аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон занон дар кишвар дар рушди соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим доранд
2026-03-08T19:11+0500
2026-03-08T19:11+0500
2026-03-08T19:11+0500
дар тоҷикистон
занон
омор
иқтисод
иҷтимоъ
аҳолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102182/26/1021822633_0:254:4928:3026_1920x0_80_0_0_482540178304cc7b905da5907f6dc91b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 мар – Sputnik. То 1 январи соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллиону 720,8 ҳазор нафар расидааст, ки 49,3 фоизаш занон мебошанд.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои Агентӣ занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муҳим доранд.Тибқи иттилои Агентии омор, дар соҳаи тандурустӣ 130 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 70%-ро занон ташкил медиҳанд.Инчунин дар соҳаи маориф 282 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 63%-ро занон ташкил медиҳанд.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки солҳои охир дар мамлакат шумораи занони соҳибкор афзоиш ёфтааст.Занон дар Тоҷикистон корхонаҳои хурду миёна бунёд карда, ҳам ҷойи нави кор фароҳам меоранд ва ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ саҳм мегузоранд.
https://sputnik.tj/20260307/rahmon-bonuvon-ruz-modar-tabrik-1075848097.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102182/26/1021822633_278:0:4651:3280_1920x0_80_0_0_c84b1eaee86106d7e935ab5d2649fb74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, занон, омор, иқтисод, иҷтимоъ, аҳолӣ
дар тоҷикистон, занон, омор, иқтисод, иҷтимоъ, аҳолӣ
Беш аз 49% аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон занон дар кишвар дар рушди соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим доранд
ДУШАНБЕ, 8 мар – Sputnik. То 1 январи соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллиону 720,8 ҳазор нафар расидааст, ки 49,3 фоизаш занон мебошанд.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ занон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат нақши муҳим доранд.
"Онҳо дар соҳаҳои маориф, тиб, кишоварзӣ, саноат ва соҳибкорӣ фаъолона иштирок намуда, зиёда аз 24% субъектҳои соҳибкориро ташкил медиҳанд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Тибқи иттилои Агентии омор, дар соҳаи тандурустӣ 130 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 70%-ро занон ташкил медиҳанд.
Инчунин дар соҳаи маориф 282 ҳазор нафар фаъолият менамоянд, ки 63%-ро занон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки солҳои охир дар мамлакат шумораи занони соҳибкор афзоиш ёфтааст.
Занон дар Тоҷикистон корхонаҳои хурду миёна бунёд карда, ҳам ҷойи нави кор фароҳам меоранд ва ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ саҳм мегузоранд.