https://sputnik.tj/20230605/oghozi-tamir-roh-khovaling-shugnov-1057551831.html
Оғози таъмири роҳи Ховалинг - Шугнов
Оғози таъмири роҳи Ховалинг - Шугнов
Sputnik Тоҷикистон
Таъмири роҳ бо ҷалби имконоти соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуда, дар пайи анҷоми он шароити сафари сокинони деҳоти ҷамоати Шугнов беҳбуд меёбад 05.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-05T12:57+0500
2023-06-05T12:57+0500
2023-06-05T12:57+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ховалинг
сохтмон
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_0:80:3072:1808_1920x0_80_0_0_c0aa438ff97e0800c4d85b69b152371f.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Кормандони муассисаи "Нигоҳдории роҳҳои мошингард"-и ноҳияи Ховалинг ба таъмиру барқарорсозии роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов шуруъ намуданд. Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, таъмиру тармими роҳ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуда истодааст. Зикр гардид, 25 километри роҳи мазкур дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мумфарш гардида буд, бар асари офатҳои табиӣ қисматҳои алоҳидаи он аллакай хароб гардидаанд. Таъкид шуд, ки ба роҳсози барқарорсозии он техникаи муосир ва мутахассисони хуби роҳсоз ҷалб шудаанд. Аз қавли масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оварда шудааст, ки дар баробари барқарорсозӣ ва таъмири роҳ дар ин самт, новаҳои обгузар ва ҷуйборҳои канорӣ низ таъмир мегарданд. "Ба истифода супоридани қитъаи роҳи мазкур имкон фароҳам овард, ки сокинони якчанд деҳаи Ҷамоати Шугнов бо нақлиёти сабукрав ба маркази ноҳия ва пойтахти мамлакат сафар намоянд", - омадааст дар иттилоия. Дар оянда мумфаршкунии пурраи роҳи мазкур то маркази Ҷамоати деҳоти Шугнов ба нақша гирифта шудааст.Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вусъат ёфта, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ иншооти мухталиф таъмиру тармим гардида, инчунин бо иштироки мақомдорону сокинон ҳашар ташкил карда мешавад.
https://sputnik.tj/20230425/vaziri-tojik-rohu-naqliyot-kishvar-peshraviho-1056659847.html
ховалинг
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_1ddd56547165f3be52ddd192bc9ad93e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, ховалинг, сохтмон, роҳ
дар тоҷикистон, нақлиёт, ховалинг, сохтмон, роҳ
Оғози таъмири роҳи Ховалинг - Шугнов
Таъмири роҳ бо ҷалби имконоти соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуда, дар пайи анҷоми он шароити сафари сокинони деҳоти ҷамоати Шугнов беҳбуд меёбад
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Кормандони муассисаи "Нигоҳдории роҳҳои мошингард"-и ноҳияи Ховалинг ба таъмиру барқарорсозии роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов шуруъ намуданд.
Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, таъмиру тармими роҳ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ амалӣ шуда истодааст.
Зикр гардид, 25 километри роҳи мазкур дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мумфарш гардида буд, бар асари офатҳои табиӣ қисматҳои алоҳидаи он аллакай хароб гардидаанд.
Таъкид шуд, ки ба роҳсози барқарорсозии он техникаи муосир ва мутахассисони хуби роҳсоз ҷалб шудаанд.
Аз қавли масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оварда шудааст, ки дар баробари барқарорсозӣ ва таъмири роҳ дар ин самт, новаҳои обгузар ва ҷуйборҳои канорӣ низ таъмир мегарданд.
"Ба истифода супоридани қитъаи роҳи мазкур имкон фароҳам овард, ки сокинони якчанд деҳаи Ҷамоати Шугнов бо нақлиёти сабукрав ба маркази ноҳия ва пойтахти мамлакат сафар намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Дар оянда мумфаршкунии пурраи роҳи мазкур то маркази Ҷамоати деҳоти Шугнов ба нақша гирифта шудааст.
Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вусъат ёфта, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ иншооти мухталиф таъмиру тармим гардида, инчунин бо иштироки мақомдорону сокинон ҳашар ташкил карда мешавад.