https://sputnik.tj/20260902/putin-rusiya-tojikistonro-masalahoi-bashardustona-1080102553.html
Путин кори муштараки Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаҳои башардӯстона қайд кард
Путин кори муштараки Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаҳои башардӯстона қайд кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин аз кори муштараки Русия ва Тоҷикистон дар масъалаҳои башардӯстона таъкид кард
2026-09-02T09:36+0500
2026-09-02T09:36+0500
2026-09-02T09:36+0500
дар тоҷикистон
русия
маориф
башардӯстона
ҳамкорӣ
равобит
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/01/1080103710_0:299:2926:1945_1920x0_80_0_0_839f5dc2be22fac2b4c8865a742cf572.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Раҳбари Русия Владимир Путин дар мулоқоти ахираш бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ёд кард.Раҳбари Русия қайд кард, ки аллакай дар ин мактаб 6000 мактаббача таҳсил мекунанд. Ғайр аз ин, дар Душанбе Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар донишгоҳҳои Русия зиёда аз 35 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.Ёдовар мешавем, ки ба иттилои вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода соли гузашта беш аз 6 ҳаз. довталаб аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия қабул шуданд.Ба гуфтаи ӯ, дар соли таҳсили 2025-2026 беш аз 6,6 ҳаз. довталаб аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои хориҷӣ қабул шудаанд.Ба гуфтаи вазир, шаҳрвандони Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла тавассути квотаҳои ҳукуматӣ ё мустақиман дар асоси умумӣ, ба ҷойҳои аз буҷаи давлатӣ маблағгузоришуда, қабул шудаанд.Таҳсил дар Русия барои Тоҷикистон маъмул аст. Барои донишомӯзони тоҷик1000 квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҷудо карда шудааст, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад.Дар маҷмӯъ, беш аз 31 ҳаз. донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд.Ҳамчунин дар Тоҷикистон Донишгоҳи Славянии Русия-Тоҷикистон, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илм ва технология МИСИС ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии МИФИ низ, фаъолият мекунанд.Ғайр аз ин, як қатор мактабҳо дар Тоҷикистон таълимро пурра бо забони русӣ пешниҳод мекунанд. Русия инчунин сохтмони панҷ мактабро дар ҷумҳурӣ, ки соли 2022 кушода шуданд, маблағгузорӣ кардааст. Таҳсил дар ин мактабҳо ба забони русӣ ва аз рӯи стандартҳои Русия ба роҳ монда шудааст.
https://sputnik.tj/20260901/rahmon-putin-vaziyati-mintaqa-jahonro-barrasi-1080101831.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/01/1080103710_197:0:2926:2047_1920x0_80_0_0_d728c98e23673d3f80f4677bbe83394c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, маориф, башардӯстона, ҳамкорӣ, равобит, владимир путин, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, русия, маориф, башардӯстона, ҳамкорӣ, равобит, владимир путин, эмомалӣ раҳмон
Путин кори муштараки Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаҳои башардӯстона қайд кард
Президенти Русия Владимир Путин аз кори муштараки Русия ва Тоҷикистон дар масъалаҳои башардӯстона таъкид кард
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Раҳбари Русия Владимир Путин дар мулоқоти ахираш бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ёд кард.
“Ман мехоҳам аз кори муштараки мо дар масъалаҳои башардӯстона қайд намоям. Ман дар ёд дорам, ки чӣ тавр мо панҷ мактаби русиро дар якчанд шаҳри Тоҷикистон ифтитоҳ кардем. Ин ташаббуси шумо буд, ман онро хеле хуб дар ёд дорам. Мо аз шумо барои ин миннатдорем", - гуфт Путин зимни мулоқот.
Раҳбари Русия қайд кард, ки аллакай дар ин мактаб 6000 мактаббача таҳсил мекунанд. Ғайр аз ин, дар Душанбе Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар донишгоҳҳои Русия зиёда аз 35 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
"Соли гузашта Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав ва Қазон бо баҳои баланд баргузор шуданд ва моҳи майи имсол фарҳанги Русия низ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд", - афзуд Путин.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода соли гузашта беш аз 6 ҳаз. довталаб аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия қабул шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли таҳсили 2025-2026 беш аз 6,6 ҳаз. довталаб аз Тоҷикистон ба донишгоҳҳои хориҷӣ қабул шудаанд.
Ба гуфтаи вазир, шаҳрвандони Тоҷикистон ба донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла тавассути квотаҳои ҳукуматӣ ё мустақиман дар асоси умумӣ, ба ҷойҳои аз буҷаи давлатӣ маблағгузоришуда, қабул шудаанд.
Таҳсил дар Русия барои Тоҷикистон маъмул аст. Барои донишомӯзони тоҷик1000 квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҷудо карда шудааст, ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад.
Дар маҷмӯъ, беш аз 31 ҳаз. донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд.
Ҳамчунин дар Тоҷикистон Донишгоҳи Славянии Русия-Тоҷикистон, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии илм ва технология МИСИС ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии МИФИ низ, фаъолият мекунанд.
Ғайр аз ин, як қатор мактабҳо дар Тоҷикистон таълимро пурра бо забони русӣ пешниҳод мекунанд. Русия инчунин сохтмони панҷ мактабро дар ҷумҳурӣ, ки соли 2022 кушода шуданд, маблағгузорӣ кардааст. Таҳсил дар ин мактабҳо ба забони русӣ ва аз рӯи стандартҳои Русия ба роҳ монда шудааст.