https://sputnik.tj/20260902/barnomai-aminadonishjuyoni-tojik-hatmi-1080103495.html
Аз 1 сентябр барномаи “Амина” барои донишҷӯёни тоҷик ҳам ҳатмӣ шуд
Аз 1 сентябр барномаи “Амина” барои донишҷӯёни тоҷик ҳам ҳатмӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии "Амина" ба қайд гиранд
2026-09-02T12:41+0500
2026-09-02T12:41+0500
2026-09-02T12:41+0500
дар тоҷикистон
донишҷӯ
сабти иқомат
русия
муҳоҷират
таҳсил
маориф
намояндагӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057582207_0:34:3078:1765_1920x0_80_0_0_7c661af19fb4071938c54ccdfd53c48d.jpg
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Аз оғози 1 сентябр истифодаи барномаи мобилии "Амина" барои ҳама категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия бо тартиби бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад.Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.Барномаи мобилии "Амина" то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти Москва асосан барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода мешуд.“Акнун доираи истифодабарандагони ин барнома васеъ гардида, ҳамчун воситаи рақамии бақайдгирии ҷойи зисти шаҳрвандони хориҷӣ истифода мешавад”, - қайд кардааст Намояндагӣ.Қайд карда шудааст, ки аз ҷумла, тавассути ин барнома шаҳрвандони хориҷии аз 18-сола боло, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил мекунанд ё ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд, метавонанд ҷойи зисти худро ба қайд гиранд.Ҳамзамон шаҳрвандони хориҷии ноболиғ тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ бояд ба шуъба ё раёсати Вазорати корҳои дохилии Русия вобаста ба ҷойи зист муроҷиат намоянд.Зикр гардидааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд барномаи мобилии "Амина"-ро мустақилона насб намоянд.Барои ворид шудан ба барномаи мобилӣ корти амалкунандаи шаҳрванди хориҷӣ зарур аст, ки он дар Маркази муҳоҷирати бисёрфунксионалӣ ба расмият дароварда мешавад.Дар ҳолати гум шудани корт ворид шудан ба барнома тавассути маълумоти шиноснома низ имконпазир мебошад.
https://sputnik.tj/20260806/barnomai-amina-rusiya-shahrvandoni-khoriji-hatmi-1079503887.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/06/1057582207_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_7747579233f0de9420fd2b54981fb95e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, донишҷӯ, сабти иқомат, русия, муҳоҷират, таҳсил, маориф, намояндагӣ
дар тоҷикистон, донишҷӯ, сабти иқомат, русия, муҳоҷират, таҳсил, маориф, намояндагӣ
Аз 1 сентябр барномаи “Амина” барои донишҷӯёни тоҷик ҳам ҳатмӣ шуд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии "Амина" ба қайд гиранд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Аз оғози 1 сентябр истифодаи барномаи мобилии "Амина" барои ҳама категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия бо тартиби бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад.
Дар ин бора Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Барномаи мобилии "Амина" то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Москва ва вилояти Москва асосан барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода мешуд.
“Акнун доираи истифодабарандагони ин барнома васеъ гардида, ҳамчун воситаи рақамии бақайдгирии ҷойи зисти шаҳрвандони хориҷӣ истифода мешавад”, - қайд кардааст Намояндагӣ.
Қайд карда шудааст, ки аз ҷумла, тавассути ин барнома шаҳрвандони хориҷии аз 18-сола боло, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таҳсил мекунанд ё ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошанд, метавонанд ҷойи зисти худро ба қайд гиранд.
Ҳамзамон шаҳрвандони хориҷии ноболиғ тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ бояд ба шуъба ё раёсати Вазорати корҳои дохилии Русия вобаста ба ҷойи зист муроҷиат намоянд.
Зикр гардидааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд барномаи мобилии "Амина"-ро мустақилона насб намоянд.
Барои ворид шудан ба барномаи мобилӣ корти амалкунандаи шаҳрванди хориҷӣ зарур аст, ки он дар Маркази муҳоҷирати бисёрфунксионалӣ ба расмият дароварда мешавад.
Дар ҳолати гум шудани корт ворид шудан ба барнома тавассути маълумоти шиноснома низ имконпазир мебошад.