Барномаи "Амина" барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки вориди Русия мешаванд, ҳатмӣ шуд

© Unsplash / Murat Ts.Смартфон в руках. Иллюстративное фото
Смартфон в руках. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2026
Обуна шудан
Дар Русия барноами “Амина”, ки пештар фақат барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатмӣ буд, акнун барои тамоми шаҳрвондони хориҷӣ ки ба ин кишвар ворид мешаванд ҳатмӣ шуд
ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Барномаи "Амина" як барномаи мобилии мақомоти Русия аст, ки барои бақайдгирии муҳоҷират ва назорати ҷойгиршавии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Москва ва вилояти Москва истифода мешуд, акнун барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ шуд.
Ба иттилои Намояндагии вазорати меҳнат муҳоҷират ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз 1 сентябри соли равон, истифодаи барномаи мобилии "Амина" ба тамоми категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки вурудашон ба Русия бе виза амалӣ мегардад, ҳатмӣ мебошад.
Барномаи мобилии “АМИНА” дар ҳудуди Москва ва вилояти он фаъолият дошта, пештар аз ин танҳо барои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шуда буд.
“Шуруъ аз 1 сентябри соли 2026, барномаи мобилии бақайдгирии “Амина” ягона роҳи бақайдгирӣ дар Маскав ва вилояти он хоҳад буд”, - қайд кардааст намояндагӣ
Выдача разрешения на работу в России иностранным гражданам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2026
Коршинос: нармафзори “Амина” муҳоҷиратро дар Русия аз соя берун кашид
Ин ниҳод хабар додааст, ки категорияҳои зерини шаҳрвандон низ тавассути барномаи мазкур ҷойи зисти худро ба қайд мегиранд:
Барои шаҳрвандони хориҷии аз 18-сола боло:
Донишҷӯён (шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсил ва тадқиқоти илмӣ машғул мебошанд);
Дар ҳамин ҳол Намояндагӣ илова кардааст, ки шаҳрвандони нобилиғ тибқи тартиби муқаррашуда, барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ ба шуъба ё раёсати ВКД Россия вобаста ба ҷойи зисти худ муроҷиат менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0