https://sputnik.tj/20260901/rahmon-qirghiziston-guterrish-pashinyan-1080073556.html
Раҳмон дар Қирғизистон бо Гутерриш ва Пашинян чиро баррасӣ кард?
Раҳмон дар Қирғизистон бо Гутерриш ва Пашинян чиро баррасӣ кард?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва раисҷумҳури Арманистон дидору гуфтугӯ кард
2026-09-01T09:36+0500
2026-09-01T09:36+0500
2026-09-01T09:36+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
арманистон
смм
никол пашинян
эмомалӣ раҳмон
антонио гутерриш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/01/1080081006_0:93:2048:1246_1920x0_80_0_0_e5c0cc1b5f99da20101d9c3e235d6ab6.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар Бишкек ташаббусҳои байналмилалии Душанберо дар соҳаи захираҳои об, инчунин тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, кам шудани захираҳои об ва хатари афзояндаи офатҳои табиӣ баррасӣ карданд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додДар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз иқдомоти минбаъдаи Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла ташкил ва баргузории босамари Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе пешниҳод намуд, ки “Чаҳорчӯбаи оби Душанбе” ҳамчун механизми роҳнамоии стратегӣ таъсис дода шавад.Дар ин мулоқот инчунин нақши технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла ҳуш маснуъӣ , дар ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ шуд.Тибқи изҳорот, Эмомалӣ Раҳмон аз Антониу Гутерриш барои табрикоташ бо қабули Қатънома дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”ва барои дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос кард.Гутерриш, ба навбати худ, нақши пешбари Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба захираҳои об ва пиряхҳо қайд кард.Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин дар Бишкек бо Сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуд.Дар ин дидор президенти Тоҷикистон аз алоқамандии кишвараш ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид кард.Ҳамзамон қайд гардид, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арманистон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, барои рушди бемайлони онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.Ҳамчунин дар ин дидор барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар таъмини рушди савдои дуҷониба, робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили форумҳои тиҷоратӣ зарур дониста шуд.Тарафҳо ба зарурати баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид карданд.Масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои бисёрҷониба низ баррасӣ шуд.
https://sputnik.tj/20260831/rahmon-pizishkiyon-avzo-khovari-miyona-eron-1080070633.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/01/1080081006_38:0:1858:1365_1920x0_80_0_0_33fe068aa47b9cae1dd8e735b7f42a51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , арманистон, смм, никол пашинян, эмомалӣ раҳмон, антонио гутерриш
дар тоҷикистон, сиёсат , арманистон, смм, никол пашинян, эмомалӣ раҳмон, антонио гутерриш
Раҳмон дар Қирғизистон бо Гутерриш ва Пашинян чиро баррасӣ кард?
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва раисҷумҳури Арманистон дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар Бишкек ташаббусҳои байналмилалии Душанберо дар соҳаи захираҳои об, инчунин тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, кам шудани захираҳои об ва хатари афзояндаи офатҳои табиӣ баррасӣ карданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод
Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз иқдомоти минбаъдаи Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла ташкил ва баргузории босамари Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе пешниҳод намуд, ки “Чаҳорчӯбаи оби Душанбе” ҳамчун механизми роҳнамоии стратегӣ таъсис дода шавад.
Дар ин мулоқот инчунин нақши технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла ҳуш маснуъӣ , дар ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор баррасӣ шуд.
Тибқи изҳорот, Эмомалӣ Раҳмон аз Антониу Гутерриш барои табрикоташ бо қабули Қатънома дар бораи эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”ва барои дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Гутерриш, ба навбати худ, нақши пешбари Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба захираҳои об ва пиряхҳо қайд кард.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамчунин дар Бишкек бо Сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуд.
Дар ин дидор президенти Тоҷикистон аз алоқамандии кишвараш ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид кард.
“Мо барои талошҳои минбаъдаи муштарак баҳри ғанӣ гардонидани муносибатҳои байни кишварҳоямон бо муҳтавои нави амалӣ омодаем”- изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон қайд гардид, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арманистон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, барои рушди бемайлони онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамчунин дар ин дидор барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар таъмини рушди савдои дуҷониба, робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили форумҳои тиҷоратӣ зарур дониста шуд.
Тарафҳо ба зарурати баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид карданд.
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои бисёрҷониба низ баррасӣ шуд.