https://sputnik.tj/20260831/muntakhabi-tojikiston-dastahoi-ozarboyjon-chin-falastin-bozii-dustona-1080050993.html
Мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозии дӯстона анҷом медиҳад
Мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозии дӯстона анҷом медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
2026-08-31T13:52+0500
2026-08-31T13:52+0500
2026-08-31T13:52+0500
дар тоҷикистон
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мунтахаб
бозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1f/1080053600_0:228:1024:804_1920x0_80_0_0_7468997ab7a8712e6106dc57b2106235.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад.Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, 23 сентябр дастаи мунтахаби мо бо тими миллии Озарбойҷон бозӣ хоҳад кард.Бозӣ дар варзишгоҳи "Palms Sports Arena"-и шаҳри Боку баргузор мешавад.Сипас дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Чин сафар карда, ду бозии дӯстонаи дигар анҷом медиҳад.Қайд карда шудааст, ки 2 октябр шогирдони Игор Ангеловски бо дастаи мунтахаби Фаластин ва 6 октябр бо тими миллии Чин бозӣ мекунанд.Омодагии дастаи яккачини Тоҷикистон ба бозиҳои дарпешистода аз 17 сентябр оғоз мешавад.Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон фаъолона ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 омодагӣ мебинад, ки аз 15 январ то 8 феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.Пас аз натиҷаи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи "D" дохил шуд. Ҳарифони дастаи мунтахаби мо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур хоҳанд буд.
https://sputnik.tj/20260826/fft-sarmurabbii-dastai-navrasoni-tojikistonro-elon-1079942013.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1f/1080053600_89:234:931:866_1920x0_80_0_0_edd66e86e30733323b52874f8b245ea7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мунтахаб, бозӣ
дар тоҷикистон, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мунтахаб, бозӣ
Мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, 23 сентябр дастаи мунтахаби мо бо тими миллии Озарбойҷон бозӣ хоҳад кард.
Бозӣ дар варзишгоҳи "Palms Sports Arena"-и шаҳри Боку баргузор мешавад.
Сипас дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Чин сафар карда, ду бозии дӯстонаи дигар анҷом медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки 2 октябр шогирдони Игор Ангеловски бо дастаи мунтахаби Фаластин ва 6 октябр бо тими миллии Чин бозӣ мекунанд.
Омодагии дастаи яккачини Тоҷикистон ба бозиҳои дарпешистода аз 17 сентябр оғоз мешавад.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон фаъолона ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 омодагӣ мебинад, ки аз 15 январ то 8 феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Пас аз натиҷаи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи "D" дохил шуд. Ҳарифони дастаи мунтахаби мо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур хоҳанд буд.