https://sputnik.tj/20260826/fft-sarmurabbii-dastai-navrasoni-tojikistonro-elon-1079942013.html
ФФТ номи сармураббии нави дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистонро эълон кард: Ӯ кист?
ФФТ номи сармураббии нави дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистонро эълон кард: Ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Федератсияи Футболи Тоҷикистон эълон кардааст, ки мутахассиси рус Игор Суров сармураббии нави дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таъйин шуд
2026-08-26T18:44+0500
2026-08-26T18:44+0500
2026-08-26T18:44+0500
дар тоҷикистон
сармураббӣ
дастаи мунтахаби тоҷикистон
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1a/1079941848_0:0:1022:576_1920x0_80_0_0_198771792e852ae029d891ffa9b166f5.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Игор Суров, мутахассиси 40-солаи рус сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасонито 17-солаи Тоҷикистон таъйин шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои ФФТ ин мутахассиси рус дар ин вазифа Далер Каёсовро иваз кард, ки ба гуфтаи Федератсия, “бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббии дастаи наврасони Тоҷикистон канор рафт”.“Игор Суров наврасони кишварро ба Ҷоми ҷаҳон-2026 омода мекунад. Ин мусобиқа аз 19 ноябр то 13 декабр дар Қатар баргузор мешавад. Ба ҳайати ситоди мураббиён Шамсиддин Қосимов, Ҷаъфар Ахмедов ва Элчибек Рашидбеков шомил шуданд. Умед Чоршанбиев ба омодагии дарвозабонҳо масъул хоҳад буд”, - навиш саҳифаи Феератсияи футбол.Қайд карда шудааст, ки Игор Суров қаблан дар дастаҳои “Сумида”-и Муғулистон, “Эсхата”-и Хуҷанд, “Барс”-и Қирғизистон ва “Машъал”-и Ӯзбекистон кор кардааст.Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Далер Қаёсов дар Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ дар чанд бозӣ пирӯз шуданд ва бо шарофати ин пирӯзиҳо дастаи наврасони Тоҷикистон пеш аз муҳлат роҳхати даври баъдиро таъмин намуда, ҳамчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни наврасоншуд, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мегардад.Ҳамин тавр, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бори чаҳорум дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон иштирок хоҳад кард.Қаблан даста дар чемпионатҳои ҷаҳон солҳои 2007, 2019 ва 2025 ширкат варзида буд.
https://sputnik.tj/20260825/nokomiho-direktor-boshgoh-istaravshan-maqomash-raft-1079906382.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1a/1079941848_53:0:1022:727_1920x0_80_0_0_7cb0f426b33e79109c4147c18024eafc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сармураббӣ, дастаи мунтахаби тоҷикистон, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон, сармураббӣ, дастаи мунтахаби тоҷикистон, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон
ФФТ номи сармураббии нави дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистонро эълон кард: Ӯ кист?
Федератсияи Футболи Тоҷикистон эълон кардааст, ки мутахассиси рус Игор Суров сармураббии нави дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Игор Суров, мутахассиси 40-солаи рус сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасонито 17-солаи Тоҷикистон таъйин шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ФФТ ин мутахассиси рус дар ин вазифа Далер Каёсовро иваз кард, ки ба гуфтаи Федератсия, “бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббии дастаи наврасони Тоҷикистон канор рафт”.
“Игор Суров наврасони кишварро ба Ҷоми ҷаҳон-2026 омода мекунад. Ин мусобиқа аз 19 ноябр то 13 декабр дар Қатар баргузор мешавад. Ба ҳайати ситоди мураббиён Шамсиддин Қосимов, Ҷаъфар Ахмедов ва Элчибек Рашидбеков шомил шуданд. Умед Чоршанбиев ба омодагии дарвозабонҳо масъул хоҳад буд”, - навиш саҳифаи Феератсияи футбол.
Қайд карда шудааст, ки Игор Суров қаблан дар дастаҳои “Сумида”-и Муғулистон, “Эсхата”-и Хуҷанд, “Барс”-и Қирғизистон ва “Машъал”-и Ӯзбекистон кор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) зери роҳбарии Далер Қаёсов дар Ҷоми Осиё-2026 дар Арабистони Саудӣ дар чанд бозӣ пирӯз шуданд ва бо шарофати ин пирӯзиҳо дастаи наврасони Тоҷикистон пеш аз муҳлат роҳхати даври баъдиро таъмин намуда, ҳамчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни наврасоншуд, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мегардад.
Ҳамин тавр, дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бори чаҳорум дар таърихи худ дар Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон иштирок хоҳад кард.
Қаблан даста дар чемпионатҳои ҷаҳон солҳои 2007, 2019 ва 2025 ширкат варзида буд.