https://sputnik.tj/20260720/bmt-tavarrum-tojikiston-meyori-boztamvil-1079086847.html
БМТ: Таваррум дар Тоҷикистон боло рафту меъёри бозтамвил поин
БМТ: Таваррум дар Тоҷикистон боло рафту меъёри бозтамвил поин
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон таваррум дар Тоҷикистон 4,1%-ро ташкил доду меъёри бозтамвил то 7% коҳиш ёфт
2026-07-20T18:11+0500
2026-07-20T18:11+0500
2026-07-20T18:11+0500
дар тоҷикистон
бонк
бмт
таваррум
нарх
меъёри бозтамвил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/14/1079087023_174:251:839:625_1920x0_80_0_0_d4e2e9367c70fe19d9713a6da2e454df.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода хабар дод.Қайд карда шудааст, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,6 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 1,7 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3,8 фоиз ба амал омад.Ба гуфтаи раиси БМТ, таварруми солона бошад, дар моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (5 фоиз ± 2 б.ф.) қарор дошта, 4,1 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.БМТ қайд кардааст, ки дар давраи ҳисоботӣ Бонки танзимгар барои танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ 39 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 82,5 млрд сомонӣ баргузор кард.Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 2 млрд сомониро ташкил менамоянд.Меъёри бозтамвил паст карда шуда, дар сатҳи 7,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.Зимни нишасти матбуотӣ масъулини БМТ қайд карданд, ки дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод.Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба андозаи 0,17 фоиз баланд шуд (аз 9,2513 сомонӣ дар санаи 31.12.2025 то ба 9,2674 сомонӣ дар сани 30.06.2026).Бонки Миллӣ таъкид кард, чораҳое, ки ба нигоҳ доштани устувории нархҳо, татбиқи самараноки сиёсати пулӣ ва таъмини устувории низоми молиявии кишвар нигаронида шудаанд, дар нимаи дуюми сол андешида мешаванд.
https://sputnik.tj/20260627/baor-tojikiston-bosurattarin-rushd-iqtisod-avruosiyo-1078625987.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/14/1079087023_234:220:772:623_1920x0_80_0_0_3918ce2b6cf96818a677c147f71b3d45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бонк, бмт, таваррум, нарх, меъёри бозтамвил
дар тоҷикистон, бонк, бмт, таваррум, нарх, меъёри бозтамвил
БМТ: Таваррум дар Тоҷикистон боло рафту меъёри бозтамвил поин
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон таваррум дар Тоҷикистон 4,1%-ро ташкил доду меъёри бозтамвил то 7% коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода хабар дод.
Қайд карда шудааст, ки нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,6 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 1,7 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3,8 фоиз ба амал омад.
Ба гуфтаи раиси БМТ, таварруми солона бошад, дар моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (5 фоиз ± 2 б.ф.) қарор дошта, 4,1 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
БМТ қайд кардааст, ки дар давраи ҳисоботӣ Бонки танзимгар барои танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва коҳиш додани фишорҳои таваррумии монетарӣ 39 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 82,5 млрд сомонӣ баргузор кард.
Дар баробари ин, дар ин давра аз ташкилотҳои қарзӣ тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ маблағҳои озод ҷалб карда шуданд, ки ба ҳисоби миёна дар як рӯз 2 млрд сомониро ташкил менамоянд.
Меъёри бозтамвил паст карда шуда, дар сатҳи 7,0 фоизи солона муқаррар карда шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ масъулини БМТ қайд карданд, ки дар давраи ҳисоботӣ Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба андозаи 0,17 фоиз баланд шуд (аз 9,2513 сомонӣ дар санаи 31.12.2025 то ба 9,2674 сомонӣ дар сани 30.06.2026).
Бонки Миллӣ таъкид кард, чораҳое, ки ба нигоҳ доштани устувории нархҳо, татбиқи самараноки сиёсати пулӣ ва таъмини устувории низоми молиявии кишвар нигаронида шудаанд, дар нимаи дуюми сол андешида мешаванд.