https://sputnik.tj/20260830/korshinosi-smm-iqtisod-tojikiston-muhojirati-mehnati-niyoz-1080011048.html
Коршиноси СММ: Иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз ба муҳоҷирати меҳнатӣ ниёз дорад
Коршиноси СММ: Иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз ба муҳоҷирати меҳнатӣ ниёз дорад
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси СММ дар як нишасте дар Душанбе гуфт, ки барои Тоҷикистон рушди иқтисоди гуногунсоҳа ва ташкили ҷойҳои нави кориро муҳим мебошад
2026-08-30T11:32+0500
2026-08-30T11:32+0500
2026-08-30T11:32+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
иқтисод
смм
коршинос
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072377134_0:53:3031:1758_1920x0_80_0_0_23e8b0618e87937e3b254e0a01434099.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг - Sputnik. Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ноил шудааст, аммо барои таъмини ҷойҳои кори арзанда, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои занону ҷавонон бояд ислоҳоти иқтисодиро идома диҳад. Дар ин бора коршиноси мустақили СММ оид ба қарзи хориҷӣ ва дигар ӯҳдадориҳои молиявии байналмилалӣ Аттия Варис дар як нишаст ба хабарнигорон изҳори назар кард.Ба гуфтаи хонум Варис, иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз ба муҳоҷирати меҳнатӣ, интиқоли маблағҳо ва воридот вобаста буда, истеҳсолоти дохилӣ ва иқтидори содиротӣ ба рушди бештар ниёз доранд.Коршиноси СММ пешниҳод кардааст ки Тоҷикистон ба рушди кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, сайёҳии устувор, коркарди захираҳои минералӣ ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад. Варис афзуд, ки ин раванд бояд бо сармоягузорӣ ба маорифу омодасозии касбӣ, рушди интернет ва дастгирии соҳибкории хурду миёна ҳамроҳ бошад.Коршинос ҳамчунин ба аҳамияти неругоҳи барқи обии Роғун барои таъмини талаботи дохилӣ ба неруи барқ ва густариши ҳамкории энергетикии минтақавӣ таъкид кард. Вай зарурати шаффофияти бештар дар маблағгузории лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва ҷалби ҷомеа ба қабули қарорҳои давлатӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои буҷет ва қарзи давлатӣ, таъкид намуд.Коршинос инчунин аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, истиқбол кард.Аттия Варис натиҷаҳои сафари расмии худро ба Тоҷикистон дар гузориши пурра ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ моҳи марти соли 2027 пешниҳод хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20260804/maqomoti-tojikiston-shahrvandon-muhojirat-khorij-kasb-1079438106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/17/1072377134_300:0:3031:2048_1920x0_80_0_0_b8fe93dd47a4f93f74cf2346b1e24f63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , иқтисод, смм, коршинос, муҳоҷират
дар тоҷикистон, сиёсат , иқтисод, смм, коршинос, муҳоҷират
Коршиноси СММ: Иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз ба муҳоҷирати меҳнатӣ ниёз дорад
Коршиноси СММ дар як нишасте дар Душанбе гуфт, ки барои Тоҷикистон рушди иқтисоди гуногунсоҳа ва ташкили ҷойҳои нави кориро муҳим мебошад
ДУШАНБЕ, 30 авг - Sputnik. Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ноил шудааст, аммо барои таъмини ҷойҳои кори арзанда, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои занону ҷавонон бояд ислоҳоти иқтисодиро идома диҳад.
Дар ин бора коршиноси мустақили СММ оид ба қарзи хориҷӣ ва дигар ӯҳдадориҳои молиявии байналмилалӣ Аттия Варис дар як нишаст ба хабарнигорон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи хонум Варис, иқтисоди Тоҷикистон ҳанӯз ба муҳоҷирати меҳнатӣ, интиқоли маблағҳо ва воридот вобаста буда, истеҳсолоти дохилӣ ва иқтидори содиротӣ ба рушди бештар ниёз доранд.
Коршиноси СММ пешниҳод кардааст ки Тоҷикистон ба рушди кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, сайёҳии устувор, коркарди захираҳои минералӣ ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад.
Варис афзуд, ки ин раванд бояд бо сармоягузорӣ ба маорифу омодасозии касбӣ, рушди интернет ва дастгирии соҳибкории хурду миёна ҳамроҳ бошад.
Коршинос ҳамчунин ба аҳамияти неругоҳи барқи обии Роғун барои таъмини талаботи дохилӣ ба неруи барқ ва густариши ҳамкории энергетикии минтақавӣ таъкид кард.
Вай зарурати шаффофияти бештар дар маблағгузории лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва ҷалби ҷомеа ба қабули қарорҳои давлатӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои буҷет ва қарзи давлатӣ, таъкид намуд.
Коршинос инчунин аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, бахусус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, истиқбол кард.
Аттия Варис натиҷаҳои сафари расмии худро ба Тоҷикистон дар гузориши пурра ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ моҳи марти соли 2027 пешниҳод хоҳад кард.