Гулмаҳмадзода: нақши тоҷикони бурунмарзӣ дар таҳкими равобити Тоҷикистону Русия муҳим аст

© Foto / Совет Федерации Федерального СобранияЧрезвычайный и Полномочный посол Республики Таджикистан в РФ Давлатшох Гулмахмадзода.
Чрезвычайный и Полномочный посол Республики Таджикистан в РФ Давлатшох Гулмахмадзода. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2026
Обуна шудан
Сафир Тоҷикистон дар Русия дар арафаи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳамватанони муқими Русия дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 30 авг - Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода сафири Тоҷикистон дар Русия дар дидор бо ҳамватанони муқими Русия таъкид кард, ки Тоҷикистон давраҳои мураккабро паси сар карда, ҳоло бо ояндаи дурахшон ба қадамҳои устувор рушд намуда истодааст.
Сафир нақши ҳамватанонро барои таҳкими равобити стратегии Тоҷикистон бо Русия, устувор гардидани пайвандҳои дустию ҳамгироиро дар ҳамаи соҳаҳо муҳим донист.
Сафир қайд кард, ки дар шароити кунунӣ масъулияти роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ, аҳли зиё ва ходимони илму фарҳанг барои бештар муаррифӣ намудани симои миллати фарҳангофари тоҷик тариқи баргузории чорабиниҳои гуногун, ки барои шинохти ҳуввияти миллӣ ва баланд бардоштани руҳияи хештаншиносӣ боло рафтааст.
Ҳамзамон, сафир дар ҷаласа доир ба аҳаммияти тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо миёни роҳбарони ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилият дар созмонҳои экстремистӣ ва риояи қонунҳои кишвари иқомат таъкид кард.
Международная конференция Вклад Абуали ибн Сино в становление медицины: научные труды, практика и теория. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2026
Гулмаҳмадзода: Мероси Абӯалӣ ибни Сино барои илму дипломатияи тандурустӣ муҳим аст
Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон дар ин дидор ҳамватанон суолу дархостҳои гуногун пешниҳод карда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои консулӣ посух гирифтанд.
Дар фарҷом ба муносибати 35 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои ҳамватаноне, ки ба таҳкими дипломатияи мардумӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Русия, муаррифии шоистаи арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҳаёти тарзи солим, бо сипосномаҳои Сафорат қадрдонӣ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0