Дар Тоҷикистон соли таҳсил як рӯз пештар сар мешавад: Сабаб?

© Sputnik / Рубен ГарсияОткрытие Российско-таджикской школы им. Юрия Гагарина в Душанбе
Открытие Российско-таджикской школы им. Юрия Гагарина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2026
Обуна шудан
Дар соли хониши 2026-2027 тақрибан 240 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд, мегӯяд вазорат
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон имсол Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 31 август дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат оғоз меёбад.
Ба гузориши Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, дарси сулҳ бо иштироки президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, 31 август дар муассисаҳои таълимӣ ҷамъомад баргузор гардида, дар он хонандагони синфҳои аз 8 то 11 ва донишҷӯён иштирок менамоянд. Хонандагони синфҳои аз 1 то 7 рӯзи 1 сентябр ба дарс мераванд.
Таъкид шудааст, ки ҳоло тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат барои таҷлили шоистаи Рӯзи дониш омодагӣ мебинанд. Рӯзи дониш дар саросари мамлакат бо шодию фараҳ пешвоз гирифта мешавад.
Дар соли хониши 2026-2027 тақрибан 240 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд.
Тибқи иттилои маноеби Sputnik Тоҷикистон, сабаби як рӯз пештар оғоз шудани соли таҳсил ин ҳам оғози ҳафта ва ҳам ба дар он аст, ки раисҷумҳури кишвар пас аз Дарси сулҳ бо сафари корӣ ба Қирғизистон хоҳад рафт.
Зеро қарор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар Бишкек доир мешавад ширкат кунад.
Ин ҷаласаи муҳими сиёсӣ рӯзҳои 31 август ва 1 сентябр баргузор мешавад ва дар доираи он кишвардор як қатор мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба доир хоҳад кард.
Сколько стоит школьная форма в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2026
Дар Тоҷикистон барои кӯдакро ба мактаб омода кардан чӣ қадар пул лозим аст
Тавре аз Вазорати маориф ва илми қаблан иттилоъ дод, ҳоло шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 136 ҳазору 116 (89 ҳазору 950 зан – 66 фоиз) нафарро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии омӯзгорон 106 ҳазору 509 нафар (67 ҳазору 679 зан) – 78,2 фоиз дорои таҳсилоти олӣ, 6 ҳазору 732 нафар (5 ҳазору 198 зан) – 5 фисад дорои таҳсилоти олии нопурра, 22 ҳазору 525 нафар (16 ҳазору 956 зан) – 16,5 фоиз дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд. Дар муқоиса бо соли 2025 5384 омӯзгор зиёд мебошад.
Дар соли таҳсили 2025-2026 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 4056 адад, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ 272 адад, муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 308 ва муассисаи миёнаи умумӣ 3476 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 19 муассиса зиёд мебошад. Инчунин дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои шакли нав 172 адад буда, 82 гимназия ва 90 литсей ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан нисбат ба соли 2025 3 муассиса зиёд мебошад.
Ба иттилои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, ба ҳисоби миёна барои як муассисаи таълимӣ аз теъдоди умумии муассисаҳои таълимӣ ва теъдоди умумии хонандагон 604 хонанда рост меояд. Инчунин муасссисаҳои ҳастанд, ки теъдоди хонадагонаш якчанд ҳазор мебошад.
Агар дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2 миллиону 357 ҳазору 56 хонанда таҳсил мекард, пас, ин рақам дар соли таҳсили 2025-2026 ба 2 миллиону 462 ҳазору 7 хонанда баробар шуда буд, ки нисбат ба соли таҳсили 2024-2025 дар умум 104 ҳазору 951 хонанда зиёд буд.
Лентаи хабарҳо
0