Дар Тоҷикистон барои кӯдакро ба мактаб омода кардан чӣ қадар пул лозим аст

Обуна шудан
Волидон аз гаронии либосҳои мактабӣ дар бозорҳо шикоят доранд ва мегӯяд, ки ба мактаб омода кардани кӯдак, сол то сол душвортар мешавад
Имсол барои ба мактаб омода намудани як кӯдак ҳадди ақал наздик ба 1000 сомонӣ лозим аст, ки на ҳамаи оилаиҳо дар Тоҷикистон, ки умдатан серфарзанд мебошанд, тавони онро доранд.
Дар воқеъ барои равон кардани як фарзанд ба мактаб чӣ қадар ҳадди миёна пул лозим аст - ба тасвирбаёнӣ Sputnik Тоҷикистон нигаред.
Мақомот иддао дорад, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон дар соли 2026 таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шудааст ва ба дастгирии соҳибкорони ватанӣ таъмин ва сифати маҳсулот дар ҳоли рушд қарор дорад.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2026 Роҳнамои тавсиявиро барои либоси хонандагон омода кард.
Дар он таъкид шудааст, ки вазорат худаш ба фурӯш ё нархгузорӣ машғул нест ва харидорон (волидон) ҳуқуқ доранд либоси мактабиро озодона ва бе ягон маҳдудият ё маҷбуркунӣ аз бозорҳо ва ярмаркаҳо харидорӣ намоянд.
Қимати либоси мактабӣ дар Тоҷикистон чанд аст?
Дар кишвар беш аз 80 корхонаи саноатӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ ба ин бахш ҷалб шудаанд. Саноати бофандагии ватанӣ бо технологияҳои муосир ҷиҳозонида шуда, либосҳоро барои писарон ва духтарон омода мекунад.

Сифат ва нархи маҳсулот

Талаботи асосии мақомот ба корхонаҳо ин истифодаи матоъҳои гигиенӣ бо омехтаи баланди пахта (пахтаи табиӣ) мебошад, то ба саломатии кӯдакон зиён нарасад.
Бо вуҷуди ин, дар ҷомеа шикоятҳо аз сифати дӯхт ва баъзан номувофиқатӣ ба хоҳиши хонандагон ба назар мерасанд. Истеҳсолкунандагон кӯшиш доранд, ки тарҳҳои муосир ва ҷолибро (махсусан барои духтарон) пешниҳод кунанд, то рақобатро бо маҳсулоти воридотӣ устувор нигоҳ доранд
Аз 1 то 31 августи соли 2026 дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаҳои фурӯши либос
Лентаи хабарҳо
0