Сафар ба Белорус осон мешавад: Оғози парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Минск

© Foto / Пресс-служба Сомон-ЭйрСамолёт компании "Сомон Эйр"
Самолёт компании Сомон Эйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2026
Обуна шудан
Парвозҳои мустақим пойтахтҳои Беларусу Тоҷикистонро ба ҳам пайваст кард
ДУШАНБЕ, 29 авг - Sputnik. Пули ҳавоӣ байни Душанбе ва Минск имрӯз, 29 август, расман ифтитоҳ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, Сомон Эйр ба пойтахти Белорус парвозҳоро оғоз кард.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, парвоз аз Душанбе ба Минск каме бештар аз чор соат вақт мегирад.
Парвоз байни ду пойтахт дар аввал як маротиба дар як ҳафта, рӯзҳои шанбе анҷом дода мешавад. Агар ин масир муштарии зиёд пайдо кунад, парвозҳо имкон доранд зиёд карда шаванд.
Қаблан парвозҳои мустақим миёни Минск ва Душанбе вуҷуд надошт.
Самолет авиакомпании Сомон Эйр. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
"Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Дубайро аз сар мегирад
Сафорати Тоҷикистон дар Беларус таъкид мекунад, ки ин пули ҳавоӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва башардӯстона байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
"Ифтитоҳи парвози мустақим робитаҳои нақлиётиро тақвият медиҳад ва сафари шаҳрвандони ҳарду кишварро содда мегардонад", - афзуд сафорат.
Дар ҳамин ҳол, имкони оғози парвозҳо ба Минск низ дар Қирғизистон баррасӣ мешавад.
Хатсайри мустақими ҳавоӣ байни кишварҳо қаблан вуҷуд дошт, аммо чанд сол пеш бо як қатор сабабҳои иқтисодӣ қатъ шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0