https://sputnik.tj/20260310/somon-eyr-parvoz-dushanbe-dubay-1075898164.html
"Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Дубайро аз сар мегирад
"Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Дубайро аз сар мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмими худро дар бораи қатъ кардани парвозҳо дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе дар пасманзари авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна эълон карда буд
2026-03-10T13:36+0500
2026-03-10T13:36+0500
2026-03-10T13:36+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
парвоз
сомон эйр
дар тоҷикистон
душанбе
дубай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075761079_0:578:853:1058_1920x0_80_0_0_d0256282ab6a31473ef1782c757d811d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон, "Сомон Эйр", парвозҳоро аз Душанбе ба Дубай ва баръакс ар сар мегирад.Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ, парвозҳо байни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 11, 13 ва 15 март ба нақша гирифта шудаанд.Қаблан, дар пасманзари авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" қарори худро дар бораи боздоштани парвозҳо дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе то 6 март эълон карда буд.Ширкати ҳавопаймоӣ инчунин эълон кард, ки парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс то 31 март қатъ карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ҳукумат баъдтар ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дастур дод, ки барои берун кардани шаҳрвандон аз Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.Рӯзи 28 феврал Исроил ва Иёлоти Муттаҳида амалиёти бузурги низомиро алайҳи Эрон оғоз карданд.Шаҳрҳои бузурги Эрон, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо бо ишора ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.Корпуси Посбонони Инқилоби Исломӣ (як воҳиди элитаи Қувваҳои Мусаллаҳ) амалиёти ҷавобӣ эълон кард. Аз Эрон партоби мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин гузориш шудааст ва сиренаҳои ҳамлаҳои ҳавоӣ дар саросари Исроил шунида шуданд.Ба гуфтаи хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, АМА ва Арабистони Саудӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд.Якчанд кишварҳои минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шуд ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.
https://sputnik.tj/20260305/somon-eyr-hamvatanonro-khovari-miyona-barmegardonad-1075760427.html
душанбе
дубай
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075761079_0:479:853:1119_1920x0_80_0_0_a8797d64c7cb13db9707b795a30676fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз, сомон эйр, дар тоҷикистон, душанбе, дубай
парвоз, сомон эйр, дар тоҷикистон, душанбе, дубай
"Сомон Эйр" парвозҳо байни Душанбе ва Дубайро аз сар мегирад
Қаблан ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмими худро дар бораи қатъ кардани парвозҳо дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе дар пасманзари авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна эълон карда буд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон, "Сомон Эйр", парвозҳоро аз Душанбе ба Дубай ва баръакс ар сар мегирад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ, парвозҳо байни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 11, 13 ва 15 март ба нақша гирифта шудаанд.
"Ҳавопаймоҳо бояд аз фурудгоҳи байналмилалии Al Maktoum International Airport (DWC) фуруд оянд ва парвоз кунанд. Чиптаҳоро дар ҳама платформаҳо харидан мумкин аст", - гуфта мешавад дар изҳороти ширкати ҳавопаймоӣ дар канали Telegram.
Қаблан, дар пасманзари авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" қарори худро дар бораи боздоштани парвозҳо дар масири Душанбе-Дубай-Душанбе то 6 март эълон карда буд.
Ширкати ҳавопаймоӣ инчунин эълон кард, ки парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс то 31 март қатъ карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумат баъдтар ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дастур дод, ки барои берун кардани шаҳрвандон аз Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.
Рӯзи 28 феврал Исроил ва Иёлоти Муттаҳида амалиёти бузурги низомиро алайҳи Эрон оғоз карданд.
Шаҳрҳои бузурги Эрон, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо бо ишора ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Корпуси Посбонони Инқилоби Исломӣ (як воҳиди элитаи Қувваҳои Мусаллаҳ) амалиёти ҷавобӣ эълон кард. Аз Эрон партоби мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин гузориш шудааст ва сиренаҳои ҳамлаҳои ҳавоӣ дар саросари Исроил шунида шуданд.
Ба гуфтаи хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, АМА ва Арабистони Саудӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Якчанд кишварҳои минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шуд ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.