https://sputnik.tj/20260828/vaziri-iqtisod-mintaqaho-ozodi-iqtisodi-sarmoya-jalb-1079977985.html
Вазири иқтисод: Ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, қариб 2,7 млрд. сомонӣ сармоя ҷалб шуд
Вазири иқтисод: Ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, қариб 2,7 млрд. сомонӣ сармоя ҷалб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз саҳми минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷалби сармоя ба кишвар таъкид кард
2026-08-28T09:36+0500
2026-08-28T09:36+0500
2026-08-28T09:36+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сармоя
вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1b/1079977694_33:66:1118:676_1920x0_80_0_0_b29d8bc5f6dfed040b7781cd8e8e0bcc.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Саҳми минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷалби сармоя, рушди саноат, шуғл ва содироти кишвар назаррас аст.Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони "Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё", таъкид кард.Вай гуфт, ки ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар панҷ МОИ-и кишвар 123 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.Бояд гуфт, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд масоили дигар низ баррасӣ шуд.Зимни суханронии худ вазири тоҷик таъкид кард, ки кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҷалби сармояи босифат, ворид намудани технологияҳои муосир, рушди истеҳсолоти дорои арзиши иловашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи содирот ва тақвияти робитаҳои иқтисодии минтақавӣ равона шудааст.Вай гуфт, ки вобаста ба ин як қатор ислоҳоти назаррас дар самти такмили қонунгузорӣ барои фароҳам овардани гузариши минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба модели нави идоракунӣ бо ҷалби ширкати хизматрасон барои рушди инфрасохтор, коҳиш додани пардохти солонаи истифодаи замин, тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ, гузариш ба низоми комплексӣ ва дароз намудани муҳлати фаъолияти МОИ, роҳандозии онлайн каталоги маҳсулот ва қабули Тартиби татбиқи принсипи "Равзанаи ягона" барои пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ татбиқ гардиданд.Вай илова кард, ки ин раванд ба коҳиши вақт ва хароҷоти маъмурӣ, баланд бардоштани шаффофият ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.Форуми мазкур то 28 августи соли 2026 идома дошта, дар он маросими имзои созишномаҳои ҳамкорӣ, ёддоштҳои тафоҳум ва дигар санадҳои шарикӣ, боздид аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20260827/moi-danghara-se-korkhona-faoliyat-1079950367.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1b/1079977694_0:0:1138:853_1920x0_80_0_0_65d9f6f0626b811ceeb391fe7e2d7508.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, сармоя, вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
дар тоҷикистон, иқтисод, сармоя, вазорати рушди иқтисод ва савдои тоҷикистон
Вазири иқтисод: Ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, қариб 2,7 млрд. сомонӣ сармоя ҷалб шуд
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз саҳми минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷалби сармоя ба кишвар таъкид кард
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Саҳми минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷалби сармоя, рушди саноат, шуғл ва содироти кишвар назаррас аст.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони "Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар заминаи кишварҳои Авруосиё", таъкид кард.
Вай гуфт, ки ба ҳолати 1 июли соли 2026 дар панҷ МОИ-и кишвар 123 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
“Аз оғози фаъолияти дар онҳо 2196 ҷойи корӣ таъсис ёфта, қариб 2,7 млрд. сомонӣ сармоя ҷалб ва зиёда аз 4 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст”, - гуфт Абдураҳмонзода.
Бояд гуфт, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд масоили дигар низ баррасӣ шуд.
Зимни суханронии худ вазири тоҷик таъкид кард, ки кори минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҷалби сармояи босифат, ворид намудани технологияҳои муосир, рушди истеҳсолоти дорои арзиши иловашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи содирот ва тақвияти робитаҳои иқтисодии минтақавӣ равона шудааст.
Вай гуфт, ки вобаста ба ин як қатор ислоҳоти назаррас дар самти такмили қонунгузорӣ барои фароҳам овардани гузариши минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба модели нави идоракунӣ бо ҷалби ширкати хизматрасон барои рушди инфрасохтор, коҳиш додани пардохти солонаи истифодаи замин, тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ, гузариш ба низоми комплексӣ ва дароз намудани муҳлати фаъолияти МОИ, роҳандозии онлайн каталоги маҳсулот ва қабули Тартиби татбиқи принсипи "Равзанаи ягона" барои пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ татбиқ гардиданд.
Вай илова кард, ки ин раванд ба коҳиши вақт ва хароҷоти маъмурӣ, баланд бардоштани шаффофият ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат менамояд.
Форуми мазкур то 28 августи соли 2026 идома дошта, дар он маросими имзои созишномаҳои ҳамкорӣ, ёддоштҳои тафоҳум ва дигар санадҳои шарикӣ, боздид аз корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ва мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.