https://sputnik.tj/20260827/moi-danghara-se-korkhona-faoliyat-1079950367.html
Дар МОИ Данғара якбора се корхона ба фаъолияти худ оғоз кард
Дар МОИ Данғара якбора се корхона ба фаъолияти худ оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон се корхонаи нави саноатӣ, ки ба истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт машғул мешаванд, ифтитоҳ кард
2026-08-27T09:36+0500
2026-08-27T09:36+0500
2026-08-27T09:36+0500
дар тоҷикистон
коргоҳ
данғара
мои "данғара"
саноат
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1a/1079946584_0:150:2048:1302_1920x0_80_0_0_9dbdb87d4e831d46794797b3a9e3b50d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи нави саноатӣ — корхонаи истеҳсоли равғани зағири “Грин голд”, “Саноати бомпӯшҳои Данғара” ва корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки “Сангвор саноат”-ро ба истифода дод.Дар ин Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки дар ин се корхонаи нави саноатӣ 45 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт ба роҳ монда шуд.Иқтидори корхонаи истеҳсоли равғани зағири ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “грин голд” дар як сол 100 тонна равғанро ташкил намуда, 10 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.Корхонаи “Саноати бомпӯшҳои Данғара” бошад бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он 5 миллион дона шифер дар як солро ташкил медиҳад. Ҳудуди ҷойгиршавии корхонаи саноатӣ як гектар буда, дар он 15 нафар бо ҷойи кор таъмин ҳастанд.Иқтидори умумии корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки “Сангвор саноат” дар як сол истеҳсоли 10 миллион дона 5 номгӯи хишт буда, 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.Қайд карда шудааст, ки технологияи корхона барои истеҳсоли маҳсулоти босифат нигаронида шуда, дар шароити вусъати созандагиҳо ҷиҳати дастраси бо маҳсулоти босифат мусоидат мекунад.Бояд гуфт, ки дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ҳоло 41 ширкату корхона ба қайд гирифта шудааст, ки 15 тои он ба фаъолияти истеҳсолӣ ва 5 тои дигар ба хизматрасонӣ машғуланд.Боқимонда бошад дар марҳилаи ҳуҷҷатгузорӣ, лоиҳакашӣ ва сохмтон қарор доранд.Танҳо 7 моҳи соли 2026 ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара 90 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардида, 140 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.
https://sputnik.tj/20260826/sement-farovon-oghozi-bunyodi-korkhonai-sement-tojikiston-1079941110.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/1a/1079946584_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_8f52dccd0309ea2bbcb4927fe5808fea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, коргоҳ, данғара, мои "данғара", саноат, иқтисод, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, коргоҳ, данғара, мои "данғара", саноат, иқтисод, эмомалӣ раҳмон
Дар МОИ Данғара якбора се корхона ба фаъолияти худ оғоз кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон се корхонаи нави саноатӣ, ки ба истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт машғул мешаванд, ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 27 авг - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се корхонаи нави саноатӣ — корхонаи истеҳсоли равғани зағири “Грин голд”, “Саноати бомпӯшҳои Данғара” ва корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки “Сангвор саноат”-ро ба истифода дод.
Дар ин Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ин се корхонаи нави саноатӣ 45 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва истеҳсоли равғани зағир, бомпӯшҳо ва хишт ба роҳ монда шуд.
Иқтидори корхонаи истеҳсоли равғани зағири ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “грин голд” дар як сол 100 тонна равғанро ташкил намуда, 10 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Корхонаи “Саноати бомпӯшҳои Данғара” бошад бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он 5 миллион дона шифер дар як солро ташкил медиҳад. Ҳудуди ҷойгиршавии корхонаи саноатӣ як гектар буда, дар он 15 нафар бо ҷойи кор таъмин ҳастанд.
Иқтидори умумии корхонаи истеҳсоли хишт ва пеноблоки “Сангвор саноат” дар як сол истеҳсоли 10 миллион дона 5 номгӯи хишт буда, 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд.
Қайд карда шудааст, ки технологияи корхона барои истеҳсоли маҳсулоти босифат нигаронида шуда, дар шароити вусъати созандагиҳо ҷиҳати дастраси бо маҳсулоти босифат мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ҳоло 41 ширкату корхона ба қайд гирифта шудааст, ки 15 тои он ба фаъолияти истеҳсолӣ ва 5 тои дигар ба хизматрасонӣ машғуланд.
Боқимонда бошад дар марҳилаи ҳуҷҷатгузорӣ, лоиҳакашӣ ва сохмтон қарор доранд.
Танҳо 7 моҳи соли 2026 ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара 90 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардида, 140 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст.