https://sputnik.tj/20260828/tojikiston-ruzi-mavlud-payombar-muqarrar-1079995702.html
Дар Тоҷикистон рӯзи мавлуди Паёмбарро муқаррар карданд
Дар Тоҷикистон рӯзи мавлуди Паёмбарро муқаррар карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мавлуди Набӣ – рӯзи мавлуди Паёмбар Муҳаммад, яке аз муҳимтарин ҷашнҳои исломӣ аст
2026-08-28T14:41+0500
2026-08-28T14:41+0500
2026-08-28T14:56+0500
дар тоҷикистон
дин ва оин
шӯрои уламо
рӯзи мавлуд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0a/1075166045_0:397:2695:1913_1920x0_80_0_0_e440908e872f912efb79e966ab457107.jpg
ДУШАНБЕ, 28 авг - Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи таҷлили ин ҷашнро муайян кард.Қарор дар ин бора даҳ рӯзи қабл содир шуда, ҳоло дар ихтиёри имомхатибҳои масоҷиди Тоҷикистон қарор гирифтааст.Дар қароре, ки аз сӯи Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имзо шудааст, омадааст, ҷашни мавлуди Пағамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 28 августи соли 2026 бе додани таом қайд карда шавад.Бино ба ин санад, ба имомхатибон супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” анҷом диҳанд.Инчунин онҳо вазифадор шуданд, ки дар мавзӯи илмомӯзии ҷавонон, пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ ва нагаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва мазҳабҳои бегона мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш баранд.Дар санад диққати ҷиддӣ ба тозагии масҷидҳо ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти кишвар дода шудааст.Ёдовар месозем, ки Тоҷикистон як кишвари мусулмоннишин буда, бино ба иттилои расмӣ, 98 то 99% - и аҳолии онро мусулмонон ташкил мекунанд.
https://sputnik.tj/20260807/nasihati-mufti-volidon-farzandon-pul-holashon-pursed-1079520856.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0a/1075166045_7:0:2688:2011_1920x0_80_0_0_bfae337d5c7fb19d4282223ec3412485.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дин ва оин, шӯрои уламо, рӯзи мавлуд
дар тоҷикистон, дин ва оин, шӯрои уламо, рӯзи мавлуд
Дар Тоҷикистон рӯзи мавлуди Паёмбарро муқаррар карданд
14:41 28.08.2026 (Навсозишуда: 14:56 28.08.2026) Эксклюзив
Мавлуди Набӣ – рӯзи мавлуди Паёмбар Муҳаммад, яке аз муҳимтарин ҷашнҳои исломӣ аст
ДУШАНБЕ, 28 авг - Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи таҷлили ин ҷашнро муайян кард.
Қарор дар ин бора даҳ рӯзи қабл содир шуда, ҳоло дар ихтиёри имомхатибҳои масоҷиди Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Дар қароре, ки аз сӯи Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имзо шудааст, омадааст, ҷашни мавлуди Пағамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 28 августи соли 2026 бе додани таом қайд карда шавад.
“Баъди анҷоми ҷашни мавлуд ба Маркази исломӣ ҳисоботи хаттӣ пешниҳод карда шавад”, - омадааст дар санад.
Бино ба ин санад, ба имомхатибон супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” анҷом диҳанд.
Инчунин онҳо вазифадор шуданд, ки дар мавзӯи илмомӯзии ҷавонон, пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ ва нагаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва мазҳабҳои бегона мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш баранд.
Дар санад диққати ҷиддӣ ба тозагии масҷидҳо ва сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти кишвар дода шудааст.
Ёдовар месозем, ки Тоҷикистон як кишвари мусулмоннишин буда, бино ба иттилои расмӣ, 98 то 99% - и аҳолии онро мусулмонон ташкил мекунанд.