https://sputnik.tj/20260807/nasihati-mufti-volidon-farzandon-pul-holashon-pursed-1079520856.html
Насиҳати муфтӣ ба волидон: Аз фарзандон на танҳо пул, балки ҳолашонро ҳам пурсед
Насиҳати муфтӣ ба волидон: Аз фарзандон на танҳо пул, балки ҳолашонро ҳам пурсед
Sputnik Тоҷикистон
Муфтии Тоҷикистон аз волидайне интиқод карда гуфт, ки аз ҳоли фарзандони муҳоҷирашон бехабаранд ва аз онҳо танҳо маблағ талаб мекунанду тамом
2026-08-07T09:36+0500
2026-08-07T09:36+0500
2026-08-07T09:36+0500
дар тоҷикистон
муфтӣ
саидмукаррам абдулқодирзода
муҳоҷират
волидайн
насиҳат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051637563_0:152:2911:1789_1920x0_80_0_0_f2074f4a460164a280b68f6ec7052837.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар як наворе, ки ахиан Шӯрои уламо нашр кард, дар суханрониаш аз волидон даъват кард, ки ба фарзандони муҳоҷири худ диққати бештар диҳанд.Вай бо изҳори нагаронӣ гуфт, волидайн пас аз хатми мактаб фарзандони худро ба муҳоҷират мефиристанд, вале баъди он, аз вазъу кору зиндагии ӯ дар хориҷ пурсон намешавад ва аз онҳо фақат пул талаб мекунанд.Дар суханронии худ Абдуқодирзода бо таассуф қайд кард, ки баъзе волидон худро танҳо бо пурсидани пул ба хона маҳдуд мекунанд.Муфтӣ таъкид кард, ки кӯдакон ба таваҷҷӯҳи доимӣ, тарбия ва роҳнамоии оилаҳояшон ниёз доранд.Вай афзуд ки падару модар дар назди фарзанди худ ва фарзандон дар назди онҳо масъулият доранд ва аз ҳарду масъулияти якдигар пурсида мешаванд.“Аз барои Худо, инсофу имон дар куҷо ҳаст? Фарзандат ҳаст, ҷигаргушаат ҳаст, иззати дунёву охиратат ҳаст, комёбиву нокомии дунёву охиратат ҳаст, чаро фақат маблағу маблағу маблағ мепурсӣ, як бор намепурсӣ, ки бо кӣ рафиқӣ, чӣ мегӯянд туро, куҷо мебаранд туро, бо кӣ дар тамос ҳастӣ, бо кадом гурӯҳ ҳастӣ, он гурӯҳҳо чӣ гурӯҳе ҳастанд, чӣ мехоҳанд, кӣ онҳоро роҳнамоиву роҳандозиву роҳбарӣ мекунад, намепурсанд, фақат маблағ равон кун тамом!”, – қайд кард Абдуқодирзода.Ба гуфтаи муфтӣ, ҳатто агар кӯдакон аллакай мустақилона кор кунанд ва оилаҳои худро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кунанд ҳам, волидон набояд бо онҳо робитаро қатъ кунанд.Онҳо вазифадоранд бидонанд, ки писарон ва духтарони онҳо чӣ гуна зиндагӣ доранд.Дар хотимаи суханронии худ муфтӣ бори дигар аҳамияти иштироки волидонро дар ҳаёти фарзандонашон таъкид кард."Бигзор онҳо пул фиристанд, аммо волидон бояд аз вазъият ва зиндагии худ огоҳ бошанд. Роҳнамоии падар ва модар куҷост? Масъулияти волидон куҷост?", - гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки Саидмукаррам Абдулқодирзодаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавъизаҳои худ дар бораи пешгирии ифротгароӣ, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нашудани ҷавонон ва дигар масъалаҳои ҷамъиятӣ суханронӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20260202/muftii-tojikiston-haji-umra-savob-dorad-haj-nest-1074967512.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051637563_161:0:2748:1940_1920x0_80_0_0_7412849a5d65cacbd7bc4659228743d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муфтӣ, саидмукаррам абдулқодирзода, муҳоҷират, волидайн, насиҳат
дар тоҷикистон, муфтӣ, саидмукаррам абдулқодирзода, муҳоҷират, волидайн, насиҳат
Насиҳати муфтӣ ба волидон: Аз фарзандон на танҳо пул, балки ҳолашонро ҳам пурсед
Муфтии Тоҷикистон аз волидайне интиқод карда гуфт, ки аз ҳоли фарзандони муҳоҷирашон бехабаранд ва аз онҳо танҳо маблағ талаб мекунанду тамом
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар як наворе, ки ахиан Шӯрои уламо нашр кард, дар суханрониаш аз волидон даъват кард, ки ба фарзандони муҳоҷири худ диққати бештар диҳанд.
Вай бо изҳори нагаронӣ гуфт, волидайн пас аз хатми мактаб фарзандони худро ба муҳоҷират мефиристанд, вале баъди он, аз вазъу кору зиндагии ӯ дар хориҷ пурсон намешавад ва аз онҳо фақат пул талаб мекунанд.
“Ҳоло фарзандаш, писараш синфи 11-ро тамом кардааст, накардааст, муҳоҷирати меҳнатӣ равон мекунад. Баъд як бор намегӯяд, ки “бачам чӣ ҳол дорӣ? Кӣ рафиқат аст? Дустат кӣ аст? Бо кӣ дар тамос ҳастӣ? Онҳое, ки дар тамос ҳастанд, ба ту чӣ мегӯянд? Чӣ насиҳатат мекунанд? Чӣ роҳнамоият мекунанд? Ба куҷо мебаранд?”, гуфт ӯ.
Дар суханронии худ Абдуқодирзода бо таассуф қайд кард, ки баъзе волидон худро танҳо бо пурсидани пул ба хона маҳдуд мекунанд.
"Умуман намепурсанд аз аҳволи онҳо. Сум (маблағ) равон кун, сум равон кун, сум равон кун, сум равон кун, тамом”, – изҳори нигаронӣ кард Абдуқодирзода.
Муфтӣ таъкид кард, ки кӯдакон ба таваҷҷӯҳи доимӣ, тарбия ва роҳнамоии оилаҳояшон ниёз доранд.
Вай афзуд ки падару модар дар назди фарзанди худ ва фарзандон дар назди онҳо масъулият доранд ва аз ҳарду масъулияти якдигар пурсида мешаванд.
“Аз барои Худо, инсофу имон дар куҷо ҳаст? Фарзандат ҳаст, ҷигаргушаат ҳаст, иззати дунёву охиратат ҳаст, комёбиву нокомии дунёву охиратат ҳаст, чаро фақат маблағу маблағу маблағ мепурсӣ, як бор намепурсӣ, ки бо кӣ рафиқӣ, чӣ мегӯянд туро, куҷо мебаранд туро, бо кӣ дар тамос ҳастӣ, бо кадом гурӯҳ ҳастӣ, он гурӯҳҳо чӣ гурӯҳе ҳастанд, чӣ мехоҳанд, кӣ онҳоро роҳнамоиву роҳандозиву роҳбарӣ мекунад, намепурсанд, фақат маблағ равон кун тамом!”, – қайд кард Абдуқодирзода.
Ба гуфтаи муфтӣ, ҳатто агар кӯдакон аллакай мустақилона кор кунанд ва оилаҳои худро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кунанд ҳам, волидон набояд бо онҳо робитаро қатъ кунанд.
Онҳо вазифадоранд бидонанд, ки писарон ва духтарони онҳо чӣ гуна зиндагӣ доранд.
Дар хотимаи суханронии худ муфтӣ бори дигар аҳамияти иштироки волидонро дар ҳаёти фарзандонашон таъкид кард.
"Бигзор онҳо пул фиристанд, аммо волидон бояд аз вазъият ва зиндагии худ огоҳ бошанд. Роҳнамоии падар ва модар куҷост? Масъулияти волидон куҷост?", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Саидмукаррам Абдулқодирзодаи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавъизаҳои худ дар бораи пешгирии ифротгароӣ, фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро нашудани ҷавонон ва дигар масъалаҳои ҷамъиятӣ суханронӣ мекунад.