Коршинос: Агар Арманистон аз ИИАО хориҷ шавад, то 27%-и содироташро аз даст медиҳад

© Sputnik / Юрий Кочетков / Гузариш ба медиабонкВид на город Ереван в Армении.
Вид на город Ереван в Армении.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2026
Обуна шудан
Коршиноси рус мегӯяд, ки қатъ узвияти Арманистон дар ИИАО ба иқтисоди ин кишвар зарбаи ҳангуфт хоҳад зад
ДУШАНБЕ, 28 авг - Sputnik. Арманистон дар сурати қатъи созишнома дар бораи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) то 25-27% содироти худро аз даст хоҳад дод.
Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС Антон Свириденко, директори иҷроияи Пажуҳишгоҳи иқтисоди рушд ба номи Столипин, изҳори назар кард.
Оқои Свириденко шарҳ дод, ки қатъ кардани созишнома бо ИИАО барои Арманистон боиси талафоти назарраси иқтисодӣ хоҳад шуд.
Коршинос инчунин қайд кард, ки ин тағйирот ба ҳаракати озоди қувваи корӣ таъсир мерасонад.
Бар хилофи вазъияти кунунии ИИАО, ки дар он арманиҳо метавонанд дар ҳар давлати узв бидуни иҷозатномаҳои иловагӣ кор кунанд, аз онҳо талаб карда мешавад, ки иҷозатномаи корӣ гиранд.
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян қаблан нияти Арманистонро барои дархости узвият дар ИА дар ояндаи наздик эълон карда буд. 26 марти соли 2025 парлумони Арманистон қонунеро қабул кард, ки раванди пайвастшавӣ ба ИА-ро оғоз мекунад.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2026
ВУХ Русия: Арманистон бо ИИАО дар бораи узвияташ ба Иттиҳодияи Аврупо машварат надорад
Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки ҳамгироии Арманистон ба Иттиҳодияи Аврупо ба таври худкор боиси қатъ шудани робитаҳо бо ИИАО ва аз даст додани ҳама имтиёзҳои марбут ба он мегардад.
Дар нишасти ИИАО дар Остона 29 майи соли 2026 роҳбарони Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар бораи зарурати баргузории раъйпурсӣ дар Арманистон дар бораи пайвастан ба ИА ё нигоҳ доштани узвият дар ИИАО ба мувофиқа расиданд.
Лентаи хабарҳо
0