https://sputnik.tj/20260710/bunyodi-korkhonahoi-sement-ohak-istaravshan-bobojon-ghafurov-1078899739.html
Бунёди корхонаҳои семент ва оҳак дар ноҳияҳои Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров
Бунёди корхонаҳои семент ва оҳак дар ноҳияҳои Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшид
2026-07-10T09:36+0500
2026-07-10T09:36+0500
2026-07-10T11:16+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргоҳ
суғд
бунёди коргоҳ
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/07/1078848567_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_74e49664c455358e92cd1990fc190526.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи оҳак ба таври фосилавӣ оғоз бахшид.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.Ба иттилои Хадамоти матбуот Комбинати металлургии Тоҷик тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сементро то соли 2029 сохта ва ба истифода диҳад.Қарор аст дар ин корхона зиёда аз 850 ҷойи нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ фароҳам оварда шавад.Қайд карда шудаст, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи сементбарорӣ дар як сол 1,2 миллион тонна сементро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то ба бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулоти тайёр иборат хоҳад гашт.Мақомот мегӯяд, ки ҳадаф аз бунёди ин корхона зиёд намудани истеҳсоли семент, таъмини фаровонию арзонии ин маҳсулот дар бозори дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои мардум мебошад.Бунёди ин корхона дар шароити имрӯза аҳамияти баланд дорад, зеро дар вилояти Суғд чун дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо вусъати зиёд ёфтани корҳои созандагию ободонӣ ва рушди иқтисодӣ талабот ба семент хеле афзудааст.Ҳамзамон Комбинати металлургии тоҷик тасмим гирифтааст, ки то соли 2029 дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вилояти Суғд, дар наздикии кони оҳаки Сафедсанг, ҳамчунин корхонаи муосири истеҳсоли оҳакро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳад.Ин корхона дар майдони 10 гектар сохта шуда, маблағгузорӣ ва роҳандозии он аз ҷониби худи ҶСП Комбинати металлургии Тоҷик анҷом дода мешавад.Иқтидори солонаи корхонаи нави истеҳсоли оҳак 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.Таъкид шудааст, ки татбиқи ин тарҳ на танҳо ба рушди иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат мекунад, балки барои беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.Қайд карда шудааст, ки маҳсулоти корхона пеш аз ҳама барои таъмини эҳтиёҷоти дохилии "Комбинати металлургии Тоҷик", аз ҷумла дар раванди истеҳсоли оҳан истифода мегардад.Ҳамзамон, қисми зиёдатии оҳак метавонад талаботи дигар корхонаҳои саноатии кишварро қонеъ сохта, дар оянда ба бозорҳои хориҷӣ низ содир карда шавад.
https://sputnik.tj/20260329/korkhona-uzbekiston-sarmoya-tojikon-1076423854.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/07/1078848567_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_36bf109b73bae3d71c7d03e3d8ef5bb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, коргоҳ, суғд, бунёди коргоҳ, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, саноат, коргоҳ, суғд, бунёди коргоҳ, эмомалӣ раҳмон
Бунёди корхонаҳои семент ва оҳак дар ноҳияҳои Истаравшан ва Бобоҷон Ғафуров
09:36 10.07.2026 (Навсозишуда: 11:16 10.07.2026) Кишвардори Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент дар шаҳри Истаравшан ва истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшид
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба бунёди корхонаи истеҳсоли семент ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи оҳак ба таври фосилавӣ оғоз бахшид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои Хадамоти матбуот Комбинати металлургии Тоҷик тасмим гирифтааст, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд корхонаи истеҳсоли сементро то соли 2029 сохта ва ба истифода диҳад.
Қарор аст дар ин корхона зиёда аз 850 ҷойи нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ фароҳам оварда шавад.
Қайд карда шудаст, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи сементбарорӣ дар як сол 1,2 миллион тонна сементро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то ба бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулоти тайёр иборат хоҳад гашт.
Мақомот мегӯяд, ки ҳадаф аз бунёди ин корхона зиёд намудани истеҳсоли семент, таъмини фаровонию арзонии ин маҳсулот дар бозори дохилӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои мардум мебошад.
Бунёди ин корхона дар шароити имрӯза аҳамияти баланд дорад, зеро дар вилояти Суғд чун дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо вусъати зиёд ёфтани корҳои созандагию ободонӣ ва рушди иқтисодӣ талабот ба семент хеле афзудааст.
Ҳамзамон Комбинати металлургии тоҷик тасмим гирифтааст, ки то соли 2029 дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вилояти Суғд, дар наздикии кони оҳаки Сафедсанг, ҳамчунин корхонаи муосири истеҳсоли оҳакро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳад.
Ин корхона дар майдони 10 гектар сохта шуда, маблағгузорӣ ва роҳандозии он аз ҷониби худи ҶСП Комбинати металлургии Тоҷик анҷом дода мешавад.
Иқтидори солонаи корхонаи нави истеҳсоли оҳак 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки татбиқи ин тарҳ на танҳо ба рушди иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат мекунад, балки барои беҳтар гардидани сатҳи шуғли аҳолӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қайд карда шудааст, ки маҳсулоти корхона пеш аз ҳама барои таъмини эҳтиёҷоти дохилии "Комбинати металлургии Тоҷик", аз ҷумла дар раванди истеҳсоли оҳан истифода мегардад.
Ҳамзамон, қисми зиёдатии оҳак метавонад талаботи дигар корхонаҳои саноатии кишварро қонеъ сохта, дар оянда ба бозорҳои хориҷӣ низ содир карда шавад.