Пас аз нокомиҳо: директори бошгоҳи "Истаравшан" аз мақомаш барканор шуд
10:54 25.08.2026 (Навсозишуда: 11:18 25.08.2026)

© Foto / ФК "Истаравшан"
Обуна шудан
Клуб дар марҳилаи кунунӣ тамоми талошҳоро барои ба эътидол овардани вазъи даста, беҳтар намудани натиҷаҳо ва иҷрои ҳадафҳои пешгузошташуда равона менамояд, гуфтаанд дар даста
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Директори бошгоҳи футболи "Истаравшан" Алишер Фозилов аз мақомаш барканор шуд.
Сабба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мавсими ҷорӣ юуда, ӯ бо хоҳиши худ аз вазифа истеъфо дод, хабар дод дафтари матбуоти даста.
"Қарори мазкур дар доираи арзёбии вазъи кунунӣ ва фаъолияти клуб, инчунин бо мақсади ворид намудани тағйироти зарурӣ барои беҳтар намудани натиҷаҳои даста қабул гардид",- афзудааст манбаъ.
"Қарори мазкур дар доираи арзёбии вазъи кунунӣ ва фаъолияти клуб, инчунин бо мақсади ворид намудани тағйироти зарурӣ барои беҳтар намудани натиҷаҳои даста қабул гардид",- афзудааст манбаъ.
Тим ба Алишер Фозилов барои фаъолияти анҷомдода ва саҳми ӯ дар давраи роҳбарии ФК "Истаравшан" изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият орзу менамояд.
Дата хабар дод, ки дар пайи барканории Фозилов бо қарори раиси шаҳри Истаравшан, Абдусаттор Қодирӣ Исоев Искандаррро ба вазифаи директори КФ "Истаравшан" таъин кардаанд.
Дата хабар дод, ки дар пайи барканории Фозилов бо қарори раиси шаҳри Истаравшан, Абдусаттор Қодирӣ Исоев Искандаррро ба вазифаи директори КФ "Истаравшан" таъин кардаанд.
Таъкид шудааст, ки Искандар Исоев соҳибкори муваффақи шаҳри Истаравшан буда, дар рушди соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонони шаҳр саҳми назаррас дорад.
Ӯ инчунин соҳибмулки маҷмааи варзишии "Азизон" мебошад, ки яке аз майдонҳои баргузории мусобиқаҳои футзал дар шаҳр ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи кунунӣ яке аз вазифаҳои муҳими клуб нигоҳ доштани ҷойгоҳ дар Лигаи Олӣ ва беҳтар намудани натиҷаҳои даста мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки даста дар панҷ бозии гузаштааш дар доираи рақобатҳо Ҷоми Тоҷикистон ва Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ягон бурд надорад.
