Дар Душанбе як маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ боз шуд

© Foto / Миграционная служба республики ТаджикистанЦентр подготовки трудовых мигрантов в Душанбе.
Центр подготовки трудовых мигрантов в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2026
Обуна шудан
Дар Душанбе Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ расман ба фаъолияти худ шуруъ кард
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” аз сӯи вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ифтитоҳ шуд.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ таъсис ёфта ба номгӯи ташкилотҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат дохил мешаванд.
Қайд карда шудааст, ки иншооти мазкур муассисаи машваратӣ буда, фаъолияташро дар самти ташкилу расонидани машварат, омодасозӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистонро ба роҳ мемонад.
“Ҳадафи асосии Марказ – ин расонидани ёрии амалӣ тавассути курсҳои машваратю таълимӣ ба муҳоҷирони ватанӣ дар ду марҳилаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад”, қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва баъди баргаштани онҳо ба Ватан таъмин кардан бо ҷойи корӣ мебошад, ки феълан омили хеле таъсирбахш ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд кард, ки таъсиси системаи электронии бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, ташкили гузаронидани курсҳои ройгони кӯтоҳмуддати машваратию таълимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, гузаронидани машварату семинарҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба хориҷи кишвар, ташкил намудани курсҳои омӯзишии ройгони забонҳои хориҷӣ (аз ҷумла, забони русӣ, барои шаҳрвандоне сертификати забони русӣ мегиранд), интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Русия, Бритониё, Корея, Давлати Қатар ва кишварҳои Аврупо.
Работы по благоустройству Москвы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2026
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостаанд пеш аз муҳоҷират ба хориҷ касб омӯзанд
Инчунин, маҳзани ягонаи бақайдгирии шаҳрвандоне, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, кумак барои интихоби коргар, кумак барои ҷамоварии ҳуҷатҳои лозимӣ, гузаронидани озмунҳо барои интихоби мутахассисон (мувофиқи талаботи корфармо).
Ҳамзамон, дар бинои марказ ҷиҳати фарогирии шаҳрвандони бекор ва шахсони беихтисос ба омӯзиши касбӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати 1-моҳа ва 2-моҳа аз ҷониби Филиали Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Дар марказ намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Хати оҷил фаъолият намуда, ҳамарӯза ба шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо машварат ва маълумоти зарурӣ пешниҳод менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0