Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор нуқтаи фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад

© Sputnik / Максим БогодвидЗарядка электромобиля.
Зарядка электромобиля.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2026
Обуна шудан
Мақомот барои сохтмони беш аз ҳазор нуқтаи фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ тақрибан 167 миллион сомонӣ масраф хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми солҳои 2026–2028 бунёди 1,1 ҳазор нуқтаи нави фурӯши неруи барқ барои нақлиёти барқӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи нақша, аз шумораи умумии нуқтаҳои нав 555 адад дар шаҳри Душанбе, 200-ададӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, 110 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 35 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешаванд.
Барои татбиқи ин тадбир тақрибан 167 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Бунёди нуқтаҳои нави барқпуркунӣ дар доираи марҳилаи дуюми Нақшаи амали "Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028" амалӣ карда мешавад.
Арзиши умумии татбиқи нақшаи чорабиниҳои солҳои 2026–2028 ба 888 миллиону 48 ҳазор сомонӣ баробар буда, аз ин маблағ 105 миллиону 988 ҳазор сомонӣ аз ҷониби шарикони рушд ва 782 миллиону 60 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ҷалб карда мешавад.
Зарядка электромобилей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2025
Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Қайд карда шудааст, ки тадбирҳои пешбинишуда ба рушди инфрасохтори барқпуркунӣ ва хизматрасонии нақлиёти барқӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ, такмили заминаи меъёрии соҳавӣ, инчунин ҷамъоварӣ ва коркарди батареяҳои истифодашуда равона шудаанд.
Дар доираи барнома ҳамчунин таъсиси 10 нуқтаи нави хизматрасонии техникии мошинҳои барқӣ пешбинӣ шудааст.
Айни замон дар шаҳри Душанбе ду нуқтаи хизматрасонии мошинҳои барқии BYD Service фаъолият доранд.
Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки дар солҳои 2026–2028 харид ва ба истифода додани 210 автобуси муосири барқӣ — ҳар сол 70 ададӣ — пешбинӣ шудааст.
Барои ин мақсад 714 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Ҳамзамон, дар доираи барнома барои ташкили инфрасохтори ҷамъоварӣ, ҷудокунӣ ва безараргардонии батареяҳои истифодашуда ва фароҳам овардани имконияти истифодаи дубораи онҳо тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0