https://sputnik.tj/20250817/voridot-moshinho-barqi-tojikiston-afzoish-1070088954.html
Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Сатҳи воридоти мошинҳо ба кишвар низ дар шаш моҳи соли 2025 аз 8,1 ҳазор то 15,3 ҳазор афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Раёсати гумруки Суғд
2025-08-17T12:59+0500
2025-08-17T12:59+0500
2025-08-17T13:16+0500
воридот
барқӣ
дар тоҷикистон
суғд
гумрук
худрав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/09/1062405043_0:1322:2048:2474_1920x0_80_0_0_f61f2546a43db4df1187cfbd052af034.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Дар ин бора сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд Зафар Маҳмадиев дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта дар ҳамин давра - ба маблағи 12,5 млн доллар ба кишвар 710 мошини барқӣ ворид карда шуд. Ғайр аз ин ба ҷумҳурӣ воридоти мошинҳо низ афзуд. Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали соли 2024 мошинҳо ба арзиши гумрукии 72,2 миллион доллар – ҳамагӣ 8,1 ҳазор адад ворид карда шуданд. Маҳмадиев қайд кард, ки дар давраи ҷорӣ ин рақам то 115,4 миллион доллар афзоиш ёфта, теъдоди мошинҳои воридотӣ 15,3 ҳазор ададро ташкил додааст.Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон барои воридоти мошинҳои барқӣ имтиёзҳои бештар ҷорӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20250420/voridot-imtiyoznok-moshinho-barq-tojikiston-shart-guzoshtand-1067055397.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/09/1062405043_0:1146:2048:2682_1920x0_80_0_0_a5f2b21df81f3d7bcbecd551ae362934.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мошинҳои барқӣ, тоҷикистон, воридот
мошинҳои барқӣ, тоҷикистон, воридот
Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
12:59 17.08.2025 (Навсозишуда: 13:16 17.08.2025) Эксклюзив
Воридоти мошинҳо низ ба кишвар дар шаш моҳи соли 2025 аз 8,1 ҳазор то 15,3 ҳазор афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Раёсати гумруки Суғд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд Зафар Маҳмадиев дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, дар соли гузашта дар ҳамин давра - ба маблағи 12,5 млн доллар ба кишвар 710 мошини барқӣ ворид карда шуд.
"Ин рақам дар шаш моҳи аввали соли 2025 ду баробар афзоиш ёфтааст. Иқтибос "Имсол ба маблағи 20,5 миллион доллар 1,2 ҳазор адад ворид карда шуд. Фарқият 100% аст, ду баробар зиёд ворид шудааст", - афзуд Маҳмадиев.
Ғайр аз ин ба ҷумҳурӣ воридоти мошинҳо низ афзуд. Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали соли 2024 мошинҳо ба арзиши гумрукии 72,2 миллион доллар – ҳамагӣ 8,1 ҳазор адад ворид карда шуданд.
Маҳмадиев қайд кард, ки дар давраи ҷорӣ ин рақам то 115,4 миллион доллар афзоиш ёфта, теъдоди мошинҳои воридотӣ 15,3 ҳазор ададро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон барои воридоти мошинҳои барқӣ имтиёзҳои бештар ҷорӣ мекунанд.