Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский иқрор шуд, ки Трампро дар бораи зарбаҳои Украина бо истифодаи Starlink фиреб дод

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп встречает в Вашингтоне Владимира Зеленского, прибывшего в США на встречу.
Президент США Дональд Трамп встречает в Вашингтоне Владимира Зеленского, прибывшего в США на встречу. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи Зеленский, низомиёни украинӣ ба ӯ гуфтаанд, ки гӯё Илон Маск розӣ шудааст, ки ба Нерӯҳои ҳавоии Украина иҷозат диҳад, ки ин низомро дар қаламрави Русия истифода барад
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Владимир Зеленский эътироф кардааст, ки президенти ИМА Доналд Трампро дар бораи имкони истифодаи Starlink барои ҳамлаҳо ба Русия фиреб додааст, хабар медиҳад РБК-Украина.
Ба гуфтаи Зеленский, низомиёни украинӣ ба ӯ гуфтаанд, ки гӯё Илон Маск розӣ шудааст, ки ба Нерӯҳои ҳавоии Украина иҷозат диҳад, ки ин низомро дар қаламрави Русия истифода барад. Сипас ӯ ба Трамп дар бораи ин созишнома нақл кардаастю
"Сипас ман бо президенти ИМА мулоқоти дуюм доштам. Ӯ гуфт, ки ман гӯё ӯро фиреб додам, зеро Маск аз иҷозати истифодаи Starlink дар қаламрави Русия ба Украина худдорӣ кардааст. Ман ба Вазорати дифои Украина баргаштам ва онҳо гуфтанд, ки шояд ин дуруст бошад", - иқрор шуд Зеленский.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Киев кӯшиш кардааст, ки иҷозати истифодаи Starlink-ро дар ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина барои ҳамлаҳо ба қаламрави Русия ба даст орад.
Владимир Зеленский.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Ҷангро идома диҳед": Изҳороти нави Зеленский дар Фаронсаро хашмро ба бор овард
Тибқи иттилои “Atlantic”, Маск аз тарси шиддат гирифтани низоъ ин имкониятро рад кард. “Financial Times” инчунин хабар дод, ки Трамп дархости Киевро дар бораи иҷозат додани ҳамлаҳо ба Русия бо истифодаи Starlink рад кардааст.
Русия қаблан изҳор дошт, ки таъмини силоҳи Ғарб ба Украина ба ҳалли низоъ халал мерасонад ва кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба ин низоъ ҷалб мекунад.
Лентаи хабарҳо
0