Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши сангҳои қимматбаҳо садҳо миллион доллар ба даст овардааст

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкГранулированное золото высшей пробы 99,99 процентов чистоты на Красноярском заводе цветных металлов имени В. Н. Гулидова.
Гранулированное золото высшей пробы 99,99 процентов чистоты на Красноярском заводе цветных металлов имени В. Н. Гулидова. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2026
Обуна шудан
Тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ дар ҳафт моҳи соли равон ба маротиб афзоиш ёфта наздик ба беш аз 1,7 млрд доллар расидааст
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафтмоҳаи аввали соли равон беш аз 7,9 млрд долларро ташкил дод.

Ин дар муқоиса бо январ - июли соли гузашта беш аз 42% зиёдтар мебошад, бармеояд аз додаҳои Агентии омори Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат содироти мол аз кишвар 1782,7 млн долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 57,2% ё 648,3 млн доллар зиёд шудааст.
Воридоти мол ба ҷумҳурӣ 6160,6 млн долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2025-ум 38,6% ё 1714,7 млн доллар зиёд мебошад.
Таъкид шудааст, ки дар ин давра зиёдшавии содирот асосан аз ҳисоби содироти маҳсулоти маъданӣ (1,5 баробар ё 193,3 млн доллар), фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (515,8 млн доллар), фулузоти арзон ва маснуоти он (27,8 фоиз ёѐ 146,4 млн доллар) сабт шудааст.
Ҳамчунни дар ин давра ҷумҳурӣ фурӯши маҳсулоти саноати кимиё, (1,5 баробар ё 6,5 млн доллар), маҳсулоти растанӣ (14,2 фоиз ё 5,7 млн. доллар), газвори нассоҷӣ ва маснуоти он (33,7 фоиз ё 40,2 млн. доллар), нахи пахта (38,9 фоиз ё 25,0 млн. доллар), мошинолот ва таҷҳизот (5,3 баробар ё 12,8 млн. доллар), маснуот аз санг, гаҷ ва семент (4,2 баробар ё 1,2 млн. доллар) ва воситаҳои нақлиётро (2,9 баробар ё 6,1 млн.доллар) афзоиш додааст.
Центральный рынок в Ташкенте. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2026
Бештар зардолу: Тоҷикистон ба хориҷ 37 ҳаз. тонна хушкмева содирот кардааст
Зимнан дар ин давра коҳишёбии содироти маҳсулоти тайёри озуқа (16,5% ё 1,6 млн.доллар), фулузоти арзон ва маснуоти он (27,8% ё 146,4 млн.доллар), чорвои зинда, маҳсулоти чорво (48,8% ё 1 млн. доллар) ба амал омадааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2026 нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2025 бо мамлакатҳои ИДМ 24,6% ё 619,7 млн доллар зиёд, бо мамлакатҳои хориҷи дур низ 56,9% ё 1743,3 млн доллар зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар бозорҳои Аврупо ва Осиё талаботи бештар дошта, ҷумҳурӣ дар ин муддат бо 125 мамлакат, аз он ҷумла бо 10 мамлакатҳои ИДМ ва бо 115 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷиро анҷом додааст.
Лентаи хабарҳо
0