https://sputnik.tj/20260824/bino-nav-teatr-milli-tojikiston-dushanbe-kushoda-1079880530.html
Зебову муҳташам: Бинои нави Театри миллии Тоҷикистон дар Душанбе кушода шуд
Зебову муҳташам: Бинои нави Театри миллии Тоҷикистон дар Душанбе кушода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ин иншооти боҳашаматро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ буёнд ва ба ифтихори 35- солагии истиқлоли кишвар боз шудааст, навиштааст котиботи раисҷумҳур 24.08.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-08-24T10:53+0500
2026-08-24T10:53+0500
2026-08-24T13:25+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/18/1079880983_2:286:1229:976_1920x0_80_0_0_06c4d18e4eeb74bb4229d1f927bfd779.jpg
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Бинои нави Театри миллии Тоҷикистон дар Душанбе билохира баъди қариб 11 соли сохтмон кушода шуд.Дар расми ифтитоҳи он раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.Ба гузориши дафтари матбуоти президенти кишвар, Театри миллии Тоҷикистон бо тарҳи нодир, меъмории муосир ва ороиши миллӣ дар маркази пойтахт қомат афрохта, ба яке аз бузургтарин ва зеботарин муассисаҳои театрии минтақа табдил ёфтааст. Ин иншооти боҳашаматро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ буёнд ва ба ифтихори 35- солагии истиқлоли кишвар боз шудааст.Зикр карда шудааст, ки Театри миллӣ макони баргузории беҳтарин чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ ва муаррификунандаи шоистаи таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон хоҳад буд.Сохтмони бинои Театри Миллӣ соли 2015 оғоз ёфта, он дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ, дар дохили Боғи Парчами миллии Тоҷикистон ҷойгир мебоошад.Ин бино бояд соли 2021 ба истифода дода мешуд, аммо мӯҳлат чанд маротиба бинобар саббаҳои молӣ ба таъхир афтодааст.Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, Театри миллӣ дорои се толори асосӣ ва шумораи зиёди толору ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Толори асосӣ барои 2500 тамошобин пешбинӣ гардидааст.Толоре, ки метавонад ҳазорон нафарро дар як вақт ба олами сеҳрангези санъати меъмориву шаҳрсозии тоҷикон ворид созад.Саҳнаи бузург ва ҷойи махсус барои оркестр имконият фароҳам меорад, ки дар ин ҷо намоишҳои театрӣ, опера, балет, консертҳои симфонӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гарданд.Баландии толори асосӣ 18 метрро ташкил дода, тарҳи он бо дарназардошти талаботи муосири санъати саҳнавӣ таҳия шудааст.Дар баробари толори асосӣ ду толори дигар низ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, конфронсҳо ва консертҳо пешбинӣ гардидаанд.Яке аз онҳо 1000 ҷойи нишаст ва толори конференсия барои 1115 нафар пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20260822/prezident-shahrdori-dushanbe-varzishgohi-navi-poytakht-iftitoh-1079852486.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/18/1079880983_45:97:1212:972_1920x0_80_0_0_978354ec371d074fbf6716e67031ecc1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон
Зебову муҳташам: Бинои нави Театри миллии Тоҷикистон дар Душанбе кушода шуд
10:53 24.08.2026 (Навсозишуда: 13:25 24.08.2026) Ин иншооти боҳашаматро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ буёнд ва ба ифтихори 35- солагии истиқлоли кишвар боз шудааст, навиштааст котиботи раисҷумҳур
ДУШАНБЕ, 24 авг - Sputnik. Бинои нави Театри миллии Тоҷикистон дар Душанбе билохира баъди қариб 11 соли сохтмон кушода шуд.
Дар расми ифтитоҳи он раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.
Ба гузориши дафтари матбуоти президенти кишвар, Театри миллии Тоҷикистон бо тарҳи нодир, меъмории муосир ва ороиши миллӣ дар маркази пойтахт қомат афрохта, ба яке аз бузургтарин ва зеботарин муассисаҳои театрии минтақа табдил ёфтааст.
Ин иншооти боҳашаматро дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ буёнд ва ба ифтихори 35- солагии истиқлоли кишвар боз шудааст.
Зикр карда шудааст, ки Театри миллӣ макони баргузории беҳтарин чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ ва муаррификунандаи шоистаи таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон хоҳад буд.
Сохтмони бинои Театри Миллӣ соли 2015 оғоз ёфта, он дар паҳлӯи Осорхонаи миллӣ, дар дохили Боғи Парчами миллии Тоҷикистон ҷойгир мебоошад.
Ин бино бояд соли 2021 ба истифода дода мешуд, аммо мӯҳлат чанд маротиба бинобар саббаҳои молӣ ба таъхир афтодааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, Театри миллӣ дорои се толори асосӣ ва шумораи зиёди толору ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Толори асосӣ барои 2500 тамошобин пешбинӣ гардидааст.
Толоре, ки метавонад ҳазорон нафарро дар як вақт ба олами сеҳрангези санъати меъмориву шаҳрсозии тоҷикон ворид созад.
Саҳнаи бузург ва ҷойи махсус барои оркестр имконият фароҳам меорад, ки дар ин ҷо намоишҳои театрӣ, опера, балет, консертҳои симфонӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гарданд.
Баландии толори асосӣ 18 метрро ташкил дода, тарҳи он бо дарназардошти талаботи муосири санъати саҳнавӣ таҳия шудааст.
Дар баробари толори асосӣ ду толори дигар низ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, конфронсҳо ва консертҳо пешбинӣ гардидаанд.
Яке аз онҳо 1000 ҷойи нишаст ва толори конференсия барои 1115 нафар пешбинӣ гардидааст.