Президент ҳамроҳ бо шаҳрдори Душанбе варзишгоҳи миллии нави пойтахтро ифтитоҳ кард

© telegram SputnikTjНациональный стадион открыли в Душанбе
Национальный стадион открыли в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2026
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон варзишгоҳи миллии нави пойтахтро мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ варзишгоҳи миллии нави пойтахтро мавриди истифода қарор дод.
Дар даромадгоҳи асосии варзишгоҳ, фаввора – конструксияи соядасти Президенти Тоҷикистон дар шакли арт-объект аз пӯлоди зангногир ва баландсифат, тарҳрезӣ ва насб гардидааст.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур гуфтааст, ки ин натанҳо як унсури ороишӣ, балки як қисми таърихи бунёди Варзишгоҳи миллӣ ба ҳисоб рафта, солҳои тулонӣ ҳамчун рамзи асосии бунёди Варзишгоҳи миллӣ нигоҳ дошта мешавад.
Қайд карда шудааст, ки варзишгоҳи нав дар майдони 9,5 гектар сохта шуда, намунаи барҷастаи сохтмони муосири кишвар ба шумор меравад.
© telegram SputnikTj
Национальный стадион открыли в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/5
© telegram SputnikTj
Национальный стадион открыли в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
2/5
© telegram SputnikTj
Национальный стадион открыли в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
3/5
© telegram SputnikTj
Национальный стадион открыли в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
4/5
© telegram SputnikTj
Национальный стадион открыли в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
5/5
1/5
2/5
3/5
4/5
5/5
Варзишгоҳ дорои беш аз 30 ҳазор ҷойи нишаст буда, аз 2 сатҳ иборат мебошад. Дар сатҳи поёнӣ беш аз 12 ҳазор ва сатҳи болоӣ 18 ҳазор ҷои нишаст мавҷуд аст.
Қайд карда шудааст, ки иншоот мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии ФИФА бунёд шуда, ба категорияи 2-юми байналмилалӣ ворид мегардад.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки сохтори дусатҳаи трибунаҳо ва ин турникетҳо маҳз барои амният, пешгирии издиҳом ва зуд баровардани тамошобинон аз рӯи меъёрҳои бехатарии ФИФА лоиҳакашӣ шудааст.
Андозаи майдони бозии он 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба талаботи ҳатмии ФИФА барои тамоми бозиҳои байналмилалӣ ва Ҷоми Ҷаҳон мутобиқ мебошад.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Файзободский район.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2026
Раҳмон дар Файзобод мактаби нав барои 2400 хонанда ифтитоҳ кард
Андозаи умумии майдони варзишӣ бошад, 130 ба 87 метрро ташкил медиҳад, ки ин ҳам мувофиқи меъёрҳои FIFA барои минтақаҳои амниятӣ ва техникӣ дар атрофи майдон фазои бехатарро таъмин мекунад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи миллиро, барои мардуми Тоҷикистон туҳфаи арзанда номиданд.
Қайд карда шудааст, ки чунин майдони бошукӯҳи варзишӣ на танҳо барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд, балки барои беҳтар намудани фардои футболи меҳан имкониятҳои бештарро фароҳам намуда, ба такмили истеъдодҳои ҷавон ва барпо намудани чорабиниҳои муҳташами фарҳангиву фароғатӣ мусоидат хоҳад намуд.
Лентаи хабарҳо
0