Кумитаи сайёҳӣ: Аз аввали сол шумори сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон 25% афзоиш ёфт

© Sputnik / Alexandr Piragis / Гузариш ба медиабонкВулканы Мутновский и Горелый на Камчатке
Вулканы Мутновский и Горелый на Камчатке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, Русия яке аз бозорҳои асосии сайёҳии кишвар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Аз аввали сол на камтар аз 175 ҳазор сайёҳи рус аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25% зиёд мебошад.
Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
"Ин афзоиш тақрибан 25% аст, яъне дар нимаи аввали соли ҷорӣ 175 800 сайёҳи рус аз Тоҷикистон боздид кардаанд. Ин 35 ҳазор нафар бештар аст", - гуфт Ҷумъахонзода.
Ба гуфтаи вай, ҳам омор ва ҳам видеоҳои сайёҳӣ, ки аз ҷониби русҳо нашр шудаанд, аз афзоиши талабот шаҳодат медиҳанд.
"Имрӯз беш аз ҳазор видео аз афроди алоҳида, бахусус шаҳрвандони Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд ва ягон посухи манфӣ ба даст наомадааст", - таъкид кард Ҷумъахонзода.
Туристы в Гиссарской крепости, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2026
Гардишгар зиёд мешавад: Дар Тоҷикистон як созмони нави сайёҳӣ таъсис шуд
Раиси Кумитаи сайёҳии кишвар зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки Русия бозори калидӣ барои бахши сайёҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
"Федератсияи Русия яке аз бозорҳои асосии сайёҳии мост. Омор аз рушд шаҳодат медиҳад", - гуфт Ҷумъахонзода.
Вай гуфт барои сайёҳони русро табиат ва кӯҳистони зебои Тоҷикистон ҷалб мекунад.
Раиси кумита инчунин қайд кард, ки аввали соли ҷорӣ роҳбарияти Газпром-Медиа аз ҷумҳурӣ боздид карда, имкониятҳои нави ҳамкорӣ муҳокима кард ва барои наворбардории барномаи машҳури "Зинда мондан" дар Тоҷикистон розӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0