Ҷалби беш 6 млрд сомонӣ сармоя ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

© Foto / Государственный комитет по инвестициям и управлению гос. имуществом РТМеждународный инвестиционный форум "Памиринвест-2026".
Международный инвестиционный форум Памиринвест-2026.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2026
Обуна шудан
Дар доираи форуми "Помиринвест-2026" соҳибкорон ва сармоягузорон дар маҷмуъ 57 тафоҳумнома ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Ахиран дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташаббуси Форуми байналмилалии сармоягузории "Помиринвест-2026" баргузор гардид.
Тавре Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст, дар доираи форум дар маҷмӯъ 57 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 6 миллиарду 580 миллион сомонӣ ба имзо расонида шуд.
Дар форум намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, шарикони рушд ва масъулони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Форум бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи соҳибкорони Бадахшон баргузор шуда, ҳадафи он ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, муаррифии имконияти иқтисодии вилоят ва таҳкими ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусӣ мебошад.
Қайд карда шудааст, ки баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории "Помиринвест", ба густариши ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоя мусоидат менамояд.
Заседание правительства республики Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Раҳмон ба раиси ВМКБ барои бартараф намудани оқибатҳои сел дар Рӯшон як моҳ муҳлат дод
Дар форум намояндагони ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва шарикони рушд оид ба имконияти ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят ибрози назар намуда, барои густариши ҳамкории сармоягузорӣ изҳори омодагӣ карданд.
Ба иттилои мақомот дар панҷ соли охир, дар доираи татбиқи ҳадафҳои "Солҳои рушди саноат" (2022–2026) дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 174 корхонаи саноатӣ бунёд гардида, сохтмони боз 30 корхонаи дигар идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0