Раҳмон гуфт ҳукумат дар 7 моҳ барои сохтмони НБО “Роғун” чӣ қадар пул сарф кардааст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2026
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бунёди Неругоҳи барқи обии "Роғунро муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон номид
ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 то имрӯз барои корҳои сохтмону барқарорсозии Неругоҳи барқи обии "Роғун" аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ маблағ равона кардааст.
Гуфт дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун зимни мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии "Роғун".
Вай гуфт, ки соли 2026 тибқи нақша барои сохтмон 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар 7 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ сарф карда шудааст.
Эмоалӣ раҳмон ҳумчунин таъкид кард, ки ҳукумати кишвар соли 2025 ба сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар маҷмуъ 8,1 миллиард сомонӣ равона карда буд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар иншооти неругоҳ зиёда аз 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 4000 адад расонида шудааст.
Президенти кишвар дар суханрониаш таъкид кард, ки бо бунёд кардану ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии "Роғун" мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азиз ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу ояндаро таъмин менамоем.
Строительство Рогунской ГЭС.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2026
Супориши Раҳмон пеш аз муҳлат иҷро шуд: Сарбанди Роғунро ба баландии 1155 метр бардоштанд
Раҳбари кишвар қайд кард, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун" бо суръати хуб идома дошта, барои дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани он заминаи боэътимод фароҳам оварда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд кард, ки бунёди неругоҳи барқи обии "Роғун" аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошад.
“Соли 2016 маҷрои дарёи Вахш дигар карда, барои бунёди баландтарин сарбанди гидроэнергетикии ҷаҳон бо баландии 335 метр заминаи боэътимод гузошта шуд”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки дар солҳои 2018 ва 2019 агрегатҳои аввалини "Роғун" ба истеҳсоли неруи барқ оғоз намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳоло бунёди неругоҳ дар марҳалаи ниҳоят мураккабу заҳматталаб қарор дошта, корҳо дар он босуръат идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0